Барои лату кӯби ҳамсабақ донишҷӯ 4 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд

Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт донишҷӯи соли сеюми факултаи менеҷменти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Алидод Карамхудоевро барои лату кӯби ҳамсабақаш 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ кард. Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ С.Тӯраев хабар дод, донишҷӯ Алидод Карамхудоев дар аудитория назди ҳамсабақон пойафзоли худро бо жемпер тоза кардааст, ки ин рафтор ба ҳамсабақи ӯ Қиматшо Орифшоев хуш […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт донишҷӯи соли сеюми факултаи менеҷменти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Алидод Карамхудоевро барои лату кӯби ҳамсабақаш 4 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» судяи суди ноҳияи Фирдавсӣ С.Тӯраев хабар дод, донишҷӯ Алидод Карамхудоев дар аудитория назди ҳамсабақон пойафзоли худро бо жемпер тоза кардааст, ки ин рафтор ба ҳамсабақи ӯ Қиматшо Орифшоев хуш наомада, ба ӯ чунин эрод гирифтааст: «Бо ин амалат ту ахлоқу фарҳанги бадахшониёнро паст задӣ».

Ин баҳс ба муноқиша табдил ёфта, бо анҷоми дарсҳо ҳамсабақон дар саҳни донишгоҳ якдигарро лату кӯб мекунанд. Дар натиҷа ҳарду ҷароҳат бардошта, ба бемористон мунтақил шудаанд.

Суди ноҳияи Фирдавсӣ ин ҳодисаро мавриди баррасӣ қарор дода, дар бораи ҷаримабандии Алидод Карамхудоев ба маблағи 4 ҳазор сомонӣ ҳалнома содир намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.