Зиёни навбатии офати табиӣ ба чанде аз ноҳияҳои кишвар



Аз боришоти шадиди шаби 10 ба 11-уми май чанде аз ноҳияҳои кишвар хисорот бардоштанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар натиҷаи беҳад болоравии сатҳи об дар дарёи Элок аҳолии ҷамоатҳои ба номи Абдувосиев, Раҷаб Исмоилов, Симиганҷ ва деҳаи Чорсӯи шаҳри Ваҳдат осеб дидааанд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷамоати ба номи Абдувосиев – 15, деҳаи Чорсӯ – 10 ва ҷамоати ба номи Раҷаб Исмоилов – 2 манзили зист осеб дидааанд. «Дар ҷамоати Симиганҷ 5 автомашина, 10 манзили зист ва 1 мағоза зери сангу лойқа монда, 2 километр роҳи мошингард хароб шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Ёвон қубури нуқтаи таъминоти об (водопровод) хароб гардида, дар ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ сел ба 400 манзили зист зарар расонидааст. «Айни замон дар маҳалҳои ҳодиса гурӯҳҳои корӣ машғули муайян кардани ҳаҷми хисороти расида мебошанд», – афзуд сарчашмаи хабар.

spot_imgspot_img

Популярное