СҶТ: Дар ОМ дар Тоҷикистон аз ҳама камтар машрубот истеъмол мекунанд

Дар «Гузориши глобалӣ дар бораи вазъ дар бахши машрубот ва солимӣ дар соли 2014»-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) зикр мегардад, ки соли 2012 дар саросари ҷаҳон бар асари истеъмоли зарароовари машрубот 3,3 млн. нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар гузориши тозаи СҶТ хусусият ва омилҳои муҳими истеъмоли машрубот дар 193 кишвари узви Созмон ва таъсири машруботи […]

ASIA-Plus



Дар «Гузориши глобалӣ дар бораи вазъ дар бахши машрубот ва солимӣ дар соли 2014»-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) зикр мегардад, ки соли 2012 дар саросари ҷаҳон бар асари истеъмоли зарароовари машрубот 3,3 млн. нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар гузориши тозаи СҶТ хусусият ва омилҳои муҳими истеъмоли машрубот дар 193 кишвари узви Созмон ва таъсири машруботи спиртӣ ба солимии аҳолӣ мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтаааст.

«Ҳамин тавр аст, ки дар ҷаҳон ҳар як даҳ сония бар асари истеъмоли барзиёди машрубот нафаре ба ҳалокат расида, майпарастӣ хатари гирифторӣ ба 200 беморӣ, аз ҷумла мушкил шудани ҷараёни бемориҳои сироятиро низ дар пай дорад», – қайд мешавад дар гузориш.

Гуфта мешавад, ҳар як шахси синнусоли 15-сола ва аз он болотар ҳамасола 6,2 литр спирти тоза истеъмол мекунад, вале дар асл машруботро камтар аз нисфи аҳолӣ (38,3%) истеъмол мекунанд ва ин маънои онро дорад, ки шахсони истеъмолкунандаи машрубот ҳамасола ҳудуди 17 литр спирти тоза истеъмол мекунанд.

Коршиносони СҶТ қайд кардаанд, ки аз рӯи истеъмоли машрубот Аврупо пешсаф буда, сатҳи истеъмоли машрубот ба ҳар сари аҳолӣ дар ин қитъа аз ҳама баландтар аст.

Бино ба маълумоти гузориш ҳиссаи миёнаи истеъмоли машрубот дар Тоҷикистон 2,8 литр, Қирғизистон ва Туркманистон – 4,3 литрӣ, Ӯзбекистон – 4,6 литр ва Қазоқистон – 10,3 литрро ташкил додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳиссаи миёнаи истеъмоли машрубот дар Белорус – 17,5; Молдова – 16,8; Литва – 15,4; Русия – 15,1; Украина – 13,9; Гурҷистон – 7,7; Арманистон – 5,3; Озарбойҷон – 2,3; Эрон – 1; Афғонистон – 0,7 ва Покистон – 0,1 литрро ташкил додааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.