Оид ба қазияи ҳамла ба вакил дар Хоруғ парлумон посухи Прокуратураи генералиро интизор аст

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳоло ба омӯзиши муроҷиати расмии вакил, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ба раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров оид ба баррасии масъалаи ҳамла ба ӯ аз ҷониби афроди номаълум дар Хоруғ шурӯъ накардааст. Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МНМО ҶТ Маҳмадалӣ Ватанов ба «Азия-Плюс» дар ин […]

Аваз Юлдошев



Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳоло ба омӯзиши муроҷиати расмии вакил, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ ба раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров оид ба баррасии масъалаи ҳамла ба ӯ аз ҷониби афроди номаълум дар Хоруғ шурӯъ накардааст.

Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МНМО ҶТ Маҳмадалӣ Ватанов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъди рух додани ин ҳодиса раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров бо дархости санҷиши дақиқи ин қазия расман ба Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода муроҷиат кардааст. «Мо посухи Прокурори генералӣ дар мавриди ин масъаларо интизорем», – гуфт Ватанов.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз дастрас шудани посухи Прокуратураи генералӣ Шӯрои палатаи поёнии парлумон ба омӯзишу баррасии муроҷиати расмии вакил С.Ҳусайнӣ ба раиси МНМО ҶТ оғоз мекунад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7-уми май вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ расман ба раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров

муроҷиат кард

, то ки дар ҷаласаи МНМО ҶТ масъалаи марбут ба ҳамлаи содиршуда ба ӯ дар Хоруғ баррасӣ шуда, ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса комиссияи парлумонӣ таъсис дода шавад.

Дар муроҷиати худ ба Ш.Зуҳуров ӯ дархост намуд, ки намояндагони ҳукумати ВМКБ барои шарҳи ҳодиса ба Душанбе даъват шуда, ҳамчунин ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса ва ба масъулият ҷалб кардани гунаҳкорон ба сохтори дахлдор дархости расмӣ ирсол карда шавад.

Ғайр аз ин, вакил аз раиси палатаи поёнии парлумон дархост кардааст, ки дар ташкили вохӯриҳои ӯ бо интихобкунандагон шароит фароҳам оварда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.