Ду роҳхати гӯштигирони тоҷик ба Бозиҳои олимпии Нанҷинг-2014

Варзишгарони ҷавони тоҷик ба Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин ду роҳхат ба даст оварданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар мусобиқаи литсензионии чемпионати Осиё оид ба гӯштии озод ва гӯштии юнониву румӣ байни наврасон, ки аз 8-ум то 11-уми май дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, паҳлавонони навраси […]

ASIA-Plus



Варзишгарони ҷавони тоҷик ба Бозиҳои II тобистонаи олимпии наврасон дар Нанҷинги Чин ду роҳхат ба даст оварданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, дар мусобиқаи литсензионии чемпионати Осиё оид ба гӯштии озод ва гӯштии юнониву румӣ байни наврасон, ки аз 8-ум то 11-уми май дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, паҳлавонони навраси тоҷик барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза бурдаанд.

«Фирӯз Ёқубов дар намуди гӯштии озод дар рақобатҳо дар вазни то 100 кг мақоми аввалро касб кард ва бо медали тилло мукофотонида шуд. Вай, инчунин, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи дувуми наврасон гардид», – хабар медиҳад КМО ҶТ.

Ба иттилои манбаъ, роҳхати дувумро барои Тоҷикистон Тоҳирҷон Охунов овардааст. Вай, ки дар намуди гӯштии юнониву румӣ дар вазни то 85 кг ҷойи дувумро гирифт, бо медали нуқра ва роҳхат ба Олимпиадаи Нанҷинг сарфароз шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин доир мешаванд.Ба барномаи бозиҳо 15 риштаи варзиш дохил аст. Варзишгарони тоҷик дар намудҳои олимпии варзиш, ба мисли бокс, дзюдо, таэквон-до ВТФ, тирандозӣ, варзиши сабук, гӯштии озод, гӯштии юнониву румӣ, камонварӣ ва ғайра барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон талош доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.