Лоиҳаи «Ман огоҳам» занонро ба солимии репродуктивӣ ҳидоят мекунад

Душанбе. 29 июл. ОИ «Азия-Плюс» – Охири ҳафтаи гузашта дар мизи мудавваре, ки бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва созмонҳои мададрасон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз рафти татбиқи лоиҳаи «Ман огоҳам», ки ба беҳбудии солимии репродуктивӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, натиҷагирии навбатӣ доир гашт. Тавре ба «АП» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 29 июл. ОИ «Азия-Плюс» – Охири ҳафтаи гузашта дар мизи мудавваре, ки бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва созмонҳои мададрасон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз рафти татбиқи лоиҳаи «Ман огоҳам», ки ба беҳбудии солимии репродуктивӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, натиҷагирии навбатӣ доир гашт. Тавре ба «АП» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) маблағгузорӣ шуда, ба тавсиаи хизматрасонии солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила дар деҳоти шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Кӯлоб ва Колохозобод нигаронида шудааст. Ба гуфтаи сарчашма аз вазорати тандурустӣ, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои маҳаллӣ дар татбиқи лоиҳа фаро гирифтани 60 дарсади занони деҳот бо солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила дар деҳоти атрофи ш. Душанбе, ноҳияхои Рӯдаки, Кӯлоб ва Колхозобод пешбинӣ шудааст.




Аз маркази матботи вазорат ҳамчунин иттилоъ доданд, ки лоиҳа дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ,

 

раёсатҳои тандурустии вилоятӣ ва ноҳиявӣ, маркази миллии солимии репродуктивӣ, ҳукуматҳои маҳалллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии занона, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии «Накӯкор», «Ғамхорӣ» ва «Гендер ва тараққиёт» татбиқ гашта истодааст. Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, иҷрокунандаи лоиҳаи «Ман огоҳам»

 

Ташкилоти байналмилалии ҷамъиятӣ


PSI


(Шӯъбаи хадамоти байналмиллалии нуфус дар Тоҷикистон) мебошад.



Бояд гуфт, ки


PSI


дар арсаи ҷаҳонӣ дар соҳаи маркетинги ҷамъиятӣ пешрав буда, дар 70 мамлакати дуньё лоиҳаҳои худро татбиқ мекунад. Давомнокии лоиҳаи «Ман огоҳам» се сол буда, он аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.





 


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.