Рӯзи 16-уми май вохӯрии расмии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов баргузор шуд.
Дар иттилоияи расмии сафоратхонаи Озарбойҷон дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки зимни мулоқот сафир иброз доштааст, ки сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Боку моҳи апрели соли ҷорӣ ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба хеле пурмаҳсул буд.
Дар иттилоия изҳор мешавад, ки сафир даъватнома ва шодбошии раиси Милли Маҷлиси Озарбойҷон Огтай Асадовро оид ба анҷом додани сафари расмӣ ба Ш.Зуҳуров тақдим намудааст.
«Сафир А.Гасанов пешниҳод кард, ки қабл аз ташрифи Ш.Зуҳуров ба Озарбойҷон сафарҳои дуҷонибаи Гурӯҳи байнипарлумонии Озрабойҷону Тоҷикистон ташкил карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Сафир ба Ш.Зуҳров ҳамчунин дар бораи баъзе чорабиниҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангии сафорат дар соли равон маълумот дод», – зикр мегардад дар иттилоияи сафоратхона.
Гуфта мешавад, сафири Озарбойҷон ҳамзамон қайд кардааст, ки то ахири моҳи майи соли ҷорӣ парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе – Боку – Душанбе ду маротиба дар як ҳафта барқарор карда мешавад, ки ба рушди бештари муносибатҳо мусоидат хоҳад кард.



