Сафири Озарбойҷон: То охири май хатсайри ҳавоии Душанбе-Боку боз мешавад

Рӯзи 16-уми май вохӯрии расмии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов баргузор шуд. Дар иттилоияи расмии сафоратхонаи Озарбойҷон дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки зимни мулоқот сафир иброз доштааст, ки сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Боку моҳи апрели соли ҷорӣ […]



Рӯзи 16-уми май вохӯрии расмии раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов баргузор шуд.

Дар иттилоияи расмии сафоратхонаи Озарбойҷон дар Тоҷикистон дар ин робита зикр мегардад, ки зимни мулоқот сафир иброз доштааст, ки сафари расмии вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба Боку моҳи апрели соли ҷорӣ ҷиҳати рушди муносибатҳои дуҷониба хеле пурмаҳсул буд.

Дар иттилоия изҳор мешавад, ки сафир даъватнома ва шодбошии раиси Милли Маҷлиси Озарбойҷон Огтай Асадовро оид ба анҷом додани сафари расмӣ ба Ш.Зуҳуров тақдим намудааст.

«Сафир А.Гасанов пешниҳод кард, ки қабл аз ташрифи Ш.Зуҳуров ба Озарбойҷон сафарҳои дуҷонибаи Гурӯҳи байнипарлумонии Озрабойҷону Тоҷикистон ташкил карда шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо қаноатмандӣ пазируфта шуд. Сафир ба Ш.Зуҳров ҳамчунин дар бораи баъзе чорабиниҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангии сафорат дар соли равон маълумот дод», – зикр мегардад дар иттилоияи сафоратхона.

Гуфта мешавад, сафири Озарбойҷон ҳамзамон қайд кардааст, ки то ахири моҳи майи соли ҷорӣ парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри ҳавоии Душанбе – Боку – Душанбе ду маротиба дар як ҳафта барқарор карда мешавад, ки ба рушди бештари муносибатҳо мусоидат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.