Захмӣ шудани дипломати тоҷик дар шимоли Афғонистон

Ба автомашинаи консули Тоҷикистон дар музофоти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳамлаи мусаллаҳона ба автомашинаи консул рӯзи 16-уми май дар вилояти Қундуз анҷом пазируфта, дар натиҷа Рустам Ма ҳ мудӣ аз дасти рост ва пояш захмӣ шудааст. «Айни замон консул дар бемористон […]



Ба автомашинаи консули Тоҷикистон дар музофоти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳамлаи мусаллаҳона ба автомашинаи консул рӯзи 16-уми май дар вилояти Қундуз анҷом пазируфта, дар натиҷа Рустам Ма

ҳ

мудӣ аз дасти рост ва пояш захмӣ шудааст. «Айни замон консул дар бемористон бистарӣ буда, ӯро ҷарроҳӣ карданд. Аз рӯи ин ҳодиса тафтиш идома дорад», – гуфтанд дар ВКХ Тоҷикистон.

Бино ба маълумоти мақомоти пулиси Қундуз, то ҳанӯз ҳеҷ касе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Кобул сафоратхонаи Тоҷикистон ва дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод консулгариҳои Тоҷикистон амал мекунанд.

Намояндаи пулиси Қундуз Саид Сарвар Ҳусайнӣ қаблан ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки рӯзи ҷумъа, 16-уми май дар роҳи Бадахшон ба Қундуз автомашинаи консули Тоҷикистон маврди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.