Парванда оид ба лату кӯби сарбоз Шаҳбол Мирзоев ба суд ирсол шуд

Прокуратураи ҳарбӣ тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбат ба феолдшер Усмон Ғайратовро, ки дар шикастани гардани сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев айбдор карда мешавад, ба итмом расонид. Аз Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки парванда ба суд ирсол гардида, вале аз шарҳи ҷузъиёти масъала худдорӣ карданд. Қобили зикр аст, ки аввали моҳи […]



Прокуратураи ҳарбӣ тафтиши парвандаи ҷиноӣ нисбат ба феолдшер Усмон Ғайратовро, ки дар шикастани гардани сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев айбдор карда мешавад, ба итмом расонид.

Аз Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки парванда ба суд ирсол гардида, вале аз шарҳи ҷузъиёти масъала худдорӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи май

пас аз ҷарроҳӣ шудани Шаҳбол Мирзоев

аз ҷониби табибони рус дар госпиали ҳарбии шаҳри Красногорски вилояти Маскав вазъи солимии ӯ рӯ ба беҳбудӣ овард.

Аввали моҳи март сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикаст. Прокуратураи ҳарбӣ нисбати Усмон Ғайратов мутобиқи моддаи 373 КҶ ҶТ (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Интизорӣ меравад, ки имрӯз ӯ аз бемористон рухсатӣ мешавад. Дар дармонгоҳи Русия оилаи Мирзоевҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 700 ҳазор рубли русӣ (беш аз 20 ҳазор $) – маблағи фурӯши манзили зист дар Аштро хароҷот кард. Қобили зикр аст, ки дар суратҳисоби дар «Агроинвестбонк» кушода ба номи Шаҳбол Мирзоев то имрӯз 3,7 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.