Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тоҷирон бо ҳуҷум ба фурӯшгоҳҳо даромаданд

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд тоҷирони бозори марказӣ бо ҳуҷум ба ҷойҳои кории худ ворид шуданд. Ҳукуматдорон кӯшиш доранд, ки бозорро баста, фурӯшандагони онро ба бозори нав кӯчонанд. Аз соати 5-си субҳи рӯзи 16-уми май бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби кормандони милиса баста шуд. Назди тамоми дарвозаҳои бозор кормандони милиса истода, тоҷирону […]

Хайрулло Мирсаидов



Дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд тоҷирони бозори марказӣ бо ҳуҷум ба ҷойҳои кории худ ворид шуданд. Ҳукуматдорон кӯшиш доранд, ки бозорро баста, фурӯшандагони онро ба бозори нав кӯчонанд.

Аз соати 5-си субҳи рӯзи 16-уми май бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷониби кормандони милиса баста шуд. Назди тамоми дарвозаҳои бозор кормандони милиса истода, тоҷирону харидоронро ба ворид шудан ба бозор роҳ надоданд. Сабаби ин амал супориши сардухтури санитарии вилояти Суғд Ғиёсов У.Н. унвон шуд.

Дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» Исомаддинов, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин робита изҳор намуд, ки бозор бинобар сабаби мутобиқат накардан ба меъёрҳои санитарӣ баста шудааст. Роҳбарони бозор қотеъона ин изҳоротро рад намуданд.

Ба гуфтаи онҳо, моҳи апрели соли равон маркази санитариву эпидемиологии вилоят ба ҳар як ширкати дар бозор фаъолиятдошта ҷиҳати бемамониат кор кардан хулоса дода буд.

«Рӯзи 30-юми апрел дар ҳузури кормандони маркази санитариву эпидемиологӣ рӯзи санитарӣ гузаронида шуда, аз рӯи натиҷаҳои он оид ба мутобиқати бозор ба меъёрҳои санитарӣ санад тартиб дода шуд, – гуфт ҳуқуқшиноси бозор Лола Яъқубова. – Дар робита ба айбномаи Ғиёсов дар бораи бо маркази санитарӣ мувофиқа нашудани корҳои азнавсозӣ дар бозор, изҳор мекунам, ки кайҳост, ки дар бозор ҳеҷ кори азнавсозие сурат нагирифтааст ва мо ӯро аз ин огоҳ карда будем».

Муноқишаи лафзӣ миёни фурӯшандагони бозор ва ҳукуматдорон беш аз 3 соат идома ёфт. Дар ин муддат фурӯшандагон чандин маротиба кӯшиш карданд, ки сафи милисаҳоро дар назди дарвоза убур намуда, ба савдо шурӯъ кунанд. Баъзе занон ҳатто талош карданд, ки аз болои дарвоза гузаранд.

Вазъи ташвишовар бештар дар назди дарвозаи марказии бозор ба мушоҳида мерасид, зеро ин қисмат ба яке аз ширкатҳое тааллуқ дошт, ки маркази санитарӣ фаъолияти онро маҳдуд накарда буд, аммо кормандони милиса қотеъона ба воридшавии онҳо монеъа мешуданд. Тадриҷан норозигии фурӯшандагони бозор афзудан гирифт. Издиҳоми фурӯшандагон чандин бор кӯшиш кард, ки бо ҳуҷум тариқи дарвоза ба бозор ворид шавад ва дар ниҳояти кор ба мақсади худ расид – муовини раиси ноҳия иҷозат дод, ки бозор кушода шавад.

Дар бораи

вазъи мухолифатомез дар ин бозор

нашрияи «Азия-Плюс» ҳанӯз 8-уми май матлаб нашр карда буд. Сабаби ҳамин ин кӯшишҳои сунъии бастани бозор он аст, ки соли гузашта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боз як бозори нав – «Ашроф» сохта шуд. Бо истифода аз тамоми фишангҳои маъмурӣ моликони он кӯшиш доранд, ки фурӯшандагони бозори марказиро ба кӯчидан ба бозори «Ашроф» маҷбур кунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.