Фирори тоҷикон аз шаҳри Пушкинои вилояти Маскав

Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия Иззат Амон, иттилоъ медиҳад, ки рӯзи ахир беш аз 200 нафар тоҷикон маҷбур шудаанд, ки бар асари бетартибиҳо ва ҳамла ба онҳо шаҳри Пушкинои вилояти Маскавро тарк кунанд. Рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта Иззат Амон дар бораи  ҳамлаҳо ба муҳоҷирони кории тоҷик  дар шаҳри Пушкино хабар дода буд. «Шаби гузашта […]


Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия Иззат Амон, иттилоъ медиҳад, ки рӯзи ахир беш аз 200 нафар тоҷикон маҷбур шудаанд, ки бар асари бетартибиҳо ва ҳамла ба онҳо шаҳри Пушкинои вилояти Маскавро тарк кунанд. Рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта Иззат Амон дар бораи 


ҳамлаҳо ба муҳоҷирони кории тоҷик


 дар шаҳри Пушкино хабар дода буд.

«Шаби гузашта муҳоҷирони корӣ ба ман хабар доданд, ки ҳамлаҳо то ҳанӯз идома дошта, шаби 16-уми май дар Зеленоград ва Солнечногорск афроди номаълум ба манзилҳои зисти муҳоҷирони кории тоҷик зада даромадаанд. Айни замон бисёриҳо кӯшиш доранд, ки аз қаламрави хатарнок ба Маскав паноҳ баранд. То имрӯз 200 нафар муҳоҷирони кории тоҷик маҷбуран ҷойи кор ва зисти худро дар вилояти Маскав тарк карда, ба Маскав омаданд», – ҳикоят мекунад Иззат Амон.

Ӯ зикр кардааст, ки муҳоҷирони ба Маскав паноҳбурда на ҷойи иқомат доранду на кор. Ба гуфтаи Иззат Амон, пас аз ҳамла ба муҳоҷирон Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия чандин маротиба ба шуъбаҳои милиса шикоят бурдааст, вале аз он ҷониб ҳеҷ вокунише ба вуқӯъ напайвастааст.

«Танҳо дирӯз зимни ҳамла ба муҳоҷирон дар Зеленоград мо ба мақомоти пулиси шаҳр муроҷиат кардем. Онҳо арзу шикояти моро қабул карда, бо ҳамин ҳамааш ба итмом расид», – иброз доштааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита қаблан ба «Азия-Плюс»

изҳор намуд

, ки «ба ҳеҷ ваҷҳ ба рӯйдодҳо дар шаҳри Пушкинои вилояти Маскав ангезаи сиёсӣ додану сухан гуфтан бобати дар натиҷаи адовати миллӣ кушта шудани мухлиси футбол лозим нест».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.