Ҳушдори обуҳавошиносон аз хатари селфароӣ дар доманакӯҳҳо

Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар дар бораи хатари селфароӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон ҳушдор медиҳад. Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, аз 18 то 21-уми май дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, боронҳои кӯтоҳмуддат меборанд ва баъзан боришот шадид мегардад. Раъду барқ ва боридани жола ҳам аз эҳтимол дур нест. Дар дарёҳо аз болоравии сатҳи об интизорӣ […]



Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар дар бораи хатари селфароӣ дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон ҳушдор медиҳад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, аз 18 то 21-уми май дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, боронҳои кӯтоҳмуддат меборанд ва баъзан боришот шадид мегардад. Раъду барқ ва боридани жола ҳам аз эҳтимол дур нест. Дар дарёҳо аз болоравии сатҳи об интизорӣ меравад.

Ёдрас мекунем, ки шаби 12 ба 13-уми апрел соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод қисми теппа лағжида, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд. Дар ин офтаи табиӣ 14 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.