Фирори тоҷикон аз шаҳри Пушкинои вилояти Маскав


Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия Иззат Амон, иттилоъ медиҳад, ки рӯзи ахир беш аз 200 нафар тоҷикон маҷбур шудаанд, ки бар асари бетартибиҳо ва ҳамла ба онҳо шаҳри Пушкинои вилояти Маскавро тарк кунанд. Рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта Иззат Амон дар бораи 


ҳамлаҳо ба муҳоҷирони кории тоҷик


 дар шаҳри Пушкино хабар дода буд.

«Шаби гузашта муҳоҷирони корӣ ба ман хабар доданд, ки ҳамлаҳо то ҳанӯз идома дошта, шаби 16-уми май дар Зеленоград ва Солнечногорск афроди номаълум ба манзилҳои зисти муҳоҷирони кории тоҷик зада даромадаанд. Айни замон бисёриҳо кӯшиш доранд, ки аз қаламрави хатарнок ба Маскав паноҳ баранд. То имрӯз 200 нафар муҳоҷирони кории тоҷик маҷбуран ҷойи кор ва зисти худро дар вилояти Маскав тарк карда, ба Маскав омаданд», – ҳикоят мекунад Иззат Амон.

Ӯ зикр кардааст, ки муҳоҷирони ба Маскав паноҳбурда на ҷойи иқомат доранду на кор. Ба гуфтаи Иззат Амон, пас аз ҳамла ба муҳоҷирон Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия чандин маротиба ба шуъбаҳои милиса шикоят бурдааст, вале аз он ҷониб ҳеҷ вокунише ба вуқӯъ напайвастааст.

«Танҳо дирӯз зимни ҳамла ба муҳоҷирон дар Зеленоград мо ба мақомоти пулиси шаҳр муроҷиат кардем. Онҳо арзу шикояти моро қабул карда, бо ҳамин ҳамааш ба итмом расид», – иброз доштааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита қаблан ба «Азия-Плюс»

изҳор намуд

, ки «ба ҳеҷ ваҷҳ ба рӯйдодҳо дар шаҳри Пушкинои вилояти Маскав ангезаи сиёсӣ додану сухан гуфтан бобати дар натиҷаи адовати миллӣ кушта шудани мухлиси футбол лозим нест».

spot_imgspot_img

Популярное