Корхонаи ҳавопаймоии Суғд барҳам дода шуд

Хуҷанд. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон корхонаи давлатии фаръии «Корхонаи ҳавопаймоии Суғд» барҳам дода шуд. Аз фурудгоҳи байнулмилалии «Хуҷанд» хабар доданд, ки корхона мувофиқи нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» барҳам дода шуда, дар заминаи он корхонаи давлатии фаръии «Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд»-и (ФБХ) КВДҲ «Тоҷик Эйр» […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар минтақаи шимоли Тоҷикистон корхонаи давлатии фаръии «Корхонаи ҳавопаймоии Суғд» барҳам дода шуд.




Аз фурудгоҳи байнулмилалии «Хуҷанд» хабар доданд, ки корхона мувофиқи нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии (КВДҲ) «Тоҷик Эйр» барҳам дода шуда, дар заминаи он корхонаи давлатии фаръии «Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд»-и (ФБХ) КВДҲ «Тоҷик Эйр» таъсис ёфт.



«Дар заминаи корхонаи давлатии фаръии «Корхонаи ҳавопаймоии Хуҷанд» «ФБХ» ва Комплекси ҳавонавардиву техникӣ ташкил карда шуданд.



«То 1-уми август тамоми моликияти «Корхонаи ҳавопаймоии Хуҷанд» ба ворисон супорида шуда, воҳидҳои тоза комилан мустақил хоҳанд гашт», – изҳор дошт манбаъ.



Зикр гардид, ки бо вуҷуди ҷараён доштани таҷдиди сохтори корхона, ба коргарон саривақт маош пардохта шуда, тақрибан ҳамаи мутахассисон муассиса дар ҷойҳои кории худ боқӣ хоҳанд монд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.