Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ҳимояи марзи давлатиашро бо Тоҷикистон дар самти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пурзӯр кард. Дар ин бора як қатор ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба сардори Хадамоти марзбонии ин кишвар Раҳимбердӣ Дуйшанбьиев хабар медиҳанд.
Дуйшанбиев гуфтааст, ҳимояи марз дар самти Чон-Олой, ки бо Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшони Тоҷикистон ҳаммарз асту чанде қабл дар ин вилоят
бетартибиҳо рух дода
, ба талафоти ҷонӣ боис гардиданд, пурзӯр карда шудааст.
Ғайр аз ин ӯ зикр кардааст, ки Хадамоти марзбонии Қирғизистон бо ҳамтоёни тоҷики худ ҳамеша дар тамос буда, табодули маълумот мекунанд.
«Дар робита ба рух додани муноқишаҳои доимӣ дар ин қаламрав, Хадамоти марзбонӣ уҳдадор аст, ки тадбирҳои дорои хусусияти пешгириро биандешад», – афзудааст ӯ.



