Оғози парванда аз рӯи далели луту кӯби вакили ҲНИТ дар Хоруғ рад шуд

Дар посух ба номаи вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, ки барои оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели ҳодисаи бо ӯ рухдода рӯзи 28-уми апрел дар Хоруғ ҳеҷ асосе намебинад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, дар номаи ҷавобии Прокуратураи генералӣ зикр […]



Дар посух ба номаи вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст, ки барои оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели ҳодисаи бо ӯ рухдода рӯзи 28-уми апрел дар Хоруғ ҳеҷ асосе намебинад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, дар номаи ҷавобии Прокуратураи генералӣ зикр гардидааст, ки аз рӯи далели ҳодисаи рухдода, ки дар он  Ҳусайниву ҳамроҳонаш мегӯянд, ки мавриди лату кӯб қарор гирифтаанду ба онҳо барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон имкон надодаанд, кормандони масъули ҳукумати ВМКБ, иштирокчиёни ҳодиса бозпурсӣ шуда, тибқи натиҷаҳои бозпурсӣ, оғози парвандаи ҷиноӣ рад карда шудааст.

«Дар номаи худ ба унвони вакил Ҳусайнӣ Прокуратураи генералӣ таъкид мекунад, ки дар бораи кори тафтиши ҳодисаи бо ӯ рухдода дар Хоруғ ба раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ҳисоботи муфассал пешниҳод мегардад», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7-уми май вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҶТ, муовини аввали раиси ҲНИТ Саидумар Ҳусайнӣ расман ба раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров

муроҷиат кард

, то ки дар ҷаласаи МНМО ҶТ масъалаи марбут ба ҳамлаи содиршуда ба ӯ дар Хоруғ баррасӣ шуда, ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса комиссияи парлумонӣ таъсис дода шавад.

Дар муроҷиати худ ба Ш.Зуҳуров ӯ дархост намуд, ки намояндагони ҳукумати ВМКБ барои шарҳи ҳодиса ба Душанбе даъват шуда, ҳамчунин ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса ва ба масъулият ҷалб кардани гунаҳкорон ба сохтори дахлдор дархости расмӣ ирсол карда шавад.

Ҳамчунин раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони МНМО ҶТ Маҳмадалӣ Ватанов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буд, ки баъди рух додани ин ҳодиса раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров бо

дархости санҷиши дақиқи ин қазия

расман ба Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода муроҷиат кардааст. «Мо посухи Прокурори генералӣ дар мавриди ин масъаларо интизорем», – гуфт Ватанов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд мунтахаби Тоҷикистон 12 медал ба даст овард

Александра Кан ба дарёфти медали тиллои мусобиқа даст ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.