Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ним сол ба андозаи $132,13 млн. афзуд

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –   Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2008 ба беш аз $1 млрд. 252 миллион баробар аст, ки он 28,59 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро (ММД) ташкил медиҳад. Сардори Сарраёсати қарзи давлатӣ ва активҳои молиявии давлатии Вазорати молияи ҶТ Темуралӣ Афғонов изҳор дошт, ки қарзи мустақими давлатии ҳукумати Тоҷикистон […]

Виктория Наумова


Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2008 ба беш аз $1 млрд. 252 миллион баробар аст, ки он 28,59 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро (ММД) ташкил медиҳад.




Сардори Сарраёсати қарзи давлатӣ ва активҳои молиявии давлатии Вазорати молияи ҶТ Темуралӣ Афғонов изҳор дошт, ки қарзи мустақими давлатии ҳукумати Тоҷикистон аз $1 млрд. 157 миллион зиёдтар аст, ки 26,47 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад. «Қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба $44,36 млн. баробар аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки қарзҳои кафолатноки давлатӣ беш аз $27,83 млн. ва қарзҳои муассисаҳои давлатӣ бидуни кафолати давлатӣ $20,41 миллионро ташкил медиҳанд.



Мавсуф зикр кард, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ним сол ба андозаи $132,13 млн. афзуда, айни замон ба $1 млрд. 119,90 млн. баробар аст.



«Афзоиши қарзи хориҷӣ ба азхудкунии воситаҳои қарзии «Эксимбонк»-и Чин, созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Фонди кишварҳои нафтрасон (ОПЕК), Фонди рушди Қувайт ва ғайра афзуд», – гуфт дар анҷом Т.Афғонов.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.