Дар Истаравшан 100 ҳазор $-и таксистро дуздиданд

Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Истаравшан сокини ноҳия Мирбақозода Абдуғаффори 23-сола, ки ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад, муроҷиат намудааст, ки нимарӯзи 31-уми май ҳангоми дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро боздошт намуда, ба рӯяш хокаи қаламфурро пошидааанд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, сипас ӯро лату кӯб намуда, бо […]



Ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Истаравшан сокини ноҳия Мирбақозода Абдуғаффори 23-сола, ки ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад, муроҷиат намудааст, ки нимарӯзи 31-уми май ҳангоми дар дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра қарор доштанаш, шахсони номаълум ӯро боздошт намуда, ба рӯяш хокаи қаламфурро пошидааанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, сипас ӯро лату кӯб намуда, бо тариқи ошкоро автомашинаашро аз ҷойи ҳодиса 800 метр дуртар ҳай карда бурдаанд ва аз ӯ маблағи пулии 100 000 доллари амрикоиашро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ба иттилои манбаъ, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо иззи гармогармӣ кормандони милитсия бо гумони ҷинояти ғоратгарӣ сокинони шаҳри Истаравшан – Қаҳҳор Ҷалолови 29-солаи қаблан маҳкумшуда ва Шуҳрат Абдуазимови 34-соларо дастгир намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки далели шайъӣ қисман гирифта шуда, нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз ва тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.