Нахустин эко-ярмарка дар пойтахти Тоҷикистон

Дар боғи кӯдакони пойтахт рӯзи 7-уми июн нахустин эко-ярмаркаи «Фримаркет» дар Тоҷикистон доир мегардад, ки аз ҷониби ташкилоти экологии «Маленькая Земля» (Замин хурд) созмон дода мешавад. Бино ба иттилои дастандаркорони чорабинӣ, дар эко-ярмарка ҳамаи хоҳишмандон метавонанд чизҳо ё предметҳоеро, ки барояшон нолозим аст, супоранд ё иваз намоянд. Ярмарка ба мунорсибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист гузаронида […]

ASIA-Plus



Дар боғи кӯдакони пойтахт рӯзи 7-уми июн нахустин эко-ярмаркаи «Фримаркет» дар Тоҷикистон доир мегардад, ки аз ҷониби ташкилоти экологии «Маленькая Земля» (Замин хурд) созмон дода мешавад.

Бино ба иттилои дастандаркорони чорабинӣ, дар эко-ярмарка ҳамаи хоҳишмандон метавонанд чизҳо ё предметҳоеро, ки барояшон нолозим аст, супоранд ё иваз намоянд. Ярмарка ба мунорсибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист гузаронида шуда, воридшавӣ ба он ройгон аст.

Дар доираи чорабинӣ ҳунарманд Бахтиёр Назирбоев хотири ҳозиринро болида карда, Баҳром Комилов бепул мӯйи сарҳоро ба тартиб меорад ва ҳамчунин  аз ҷониби иштирокчиён шеърҳо қироат шуда, коғазкӯҳна ҷамъоварӣ мегардад.

Бино ба маълумоти ташкилоти экологии «Маленькая Земля», ҳадафи аслии баргузории эко-ярмарка ҷалби мардум ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаи захираҳо ва муҳим будани табодул бо якдигар, манфиат овардан ва кумаки ройгон ба афроди ниёзманд аст.

Гуфта мешавад, дар эко-ярмарка ҳамаи хоҳишмандон метавонанд иштирок кунанд. Тамоми чизу предметҳо бепул ва бидуни бозгашт қабул шуда, ба ярмарка овардани ҳама гуна чизу ашёи нолозим – зарф, сарулибос, китоб, бозичаҳо, техникаи маишӣ, асбобу лавзомот, туҳфаҳо, дискҳо ва ғайра имконпазир аст. Шарти асосӣ – ашёву чизҳо бояд комил ва тозаву коршоям бошанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.