Овозхони афғонро ба дуздии суруди Баҳром Ғафурӣ айбдор карданд

Продюсер Беҳрӯз Зеваров дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook клипи нави овозхони афғон Valy-ро гузошта, ӯро ба дуздии суруди овозхони маъруфи тоҷик Баҳром Ғафурӣ айбдор кардааст. Клип ба суруди «Дар ин замона» дар иҷрои овозхони афғон ба видеохостинги YouTube аз ҷониби студияи эрониву амрикоии Avangmusic санаи 22-юми майи соли ҷорӣ гузошта шудааст. Ин студия […]

ASIA-Plus



Продюсер Беҳрӯз Зеваров дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook клипи нави овозхони афғон Valy-ро гузошта, ӯро ба дуздии суруди овозхони маъруфи тоҷик Баҳром Ғафурӣ айбдор кардааст.

Клип ба суруди «Дар ин замона» дар иҷрои овозхони афғон ба видеохостинги YouTube аз ҷониби студияи эрониву амрикоии Avangmusic санаи 22-юми майи соли ҷорӣ гузошта шудааст. Ин студия асосан бо овозхонони форсизабоне, ки муҳоҷират дар ИМА-ро ихтиёр кардаанд, ҳамкорӣ дорад. Клипи «Дар ин замона» дар иҷрои овозхони афғон Valy-ро муддати камтар аз як моҳ беш аз 74 ҳазор нафар корбарони шабака тамошо кардааанд.

«Плагиат (асардуздӣ)! Овозхони афғон Valy суруди Баҳром Ғафурроиро сароид. Хурсанд мебояд шуд ё …?!», – бо савол муроҷиат мекунад продюсери тоҷик Беҳруз Зеваров ва дар посух корбарони дигар изҳори норозигӣ кардаанд, ки хайр, қариб 90%-и овозхонони тоҷик низ сурудҳои овозхонони эрониву афғонро месароянд.

Дар ҳамин ҳол, худи Баҳром Ғафурӣ дар шарҳҳояш зери ин маълумот зикр кардааст, ки ҳамчун муаллифи суруди «Дар ин замона» ба Valy ҷиҳати иҷрои он иҷозат надода, худаш ҳам ҳеҷ гоҳ ба иҷрои сурудҳои ситораҳои эстрадаи кишварҳои дигар даст назадааст.

Чанде аз корбарони шбака бар ин назаранд, ки ба пайдо шудани клипи нав дар иҷрои овозхони афғон хурсанд мебояд шуд, зеро ин аллакай эътирофи ҳунару истеъдоди овозхонони тоҷик аст. Суруди «Дар ин замона» дар иҷрои муаллиф – Баҳром Ғафурӣ ҳанӯз соли 2013 дар YouTube нашр шуда буд. 

https://www.youtube.com/watch?v=mIfGvRRuWeg

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.