Дар оташдони АНМН ҳудуди 193 кило маводи нашъаовар сӯзонида шуд

Имрӯз, 4 июни соли 2014 дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида, маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва сахттаъсир баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 4 июни соли 2014 дар оташдони махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида, маросими сӯзонидани воситаҳои нашъадор, маводи психотропӣ ва сахттаъсир баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентӣ, дар ҳузури комиссия аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ аз рӯи 60 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, 192 кг 598,2 гр маводи нашъаовар аз ҷумла: маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис – 129 кг 879 гр; гашиш- 34 кг 274 гр; афюн – 20 кг 294 гр; героин – 8 кг 123 гр; тахминан 1 000 дона ҳабҳои психотропӣ сӯзонида шуд.

Ба иттилои манбаъ, маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардидаанд.

Гуфта мешавад, чорабиниҳо оид ба сӯзонидани маводи нашъаовар аз тарафи кормандони Агентӣ мунтазам пас аз баромадани ҳукми суд гузаронида мешаванд.

Қайд кардан зарур аст, ки аз рӯзи таъсисёбии Агентӣ зиёда аз 14 тонна маводи нашъаовар бо роҳи сӯзонидан нест карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.