Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Русия

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 3-юми июн сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо рафти иҷрои қарордодҳои дуҷониба, муҳтавои мубрами ҳамкориҳои миёни ду кишвар, вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 3-юми июн сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фроловро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот ҷонибҳо рафти иҷрои қарордодҳои дуҷониба, муҳтавои мубрами ҳамкориҳои миёни ду кишвар, вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, ҳарбию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ намуда, инчунин роҷеъ ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми вохӯрӣ, аз ҷумла, ҷанбаъҳои машваратҳои сиёсии ду ҷониб, ки тибқи Барномаи ҳамкории байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия дар соли 2014 доир шуданд, арзёбӣ гардида, аз натиҷаи онҳо изҳори қаноатмандӣ зоҳир гардид.

Қайд гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар раванди ҳамкориҳои мутақобилан муфид таҳкиму густариш ёфта, дар маҷмӯъ ҳамаи самтҳои ҳамкориро фарогиранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.