Ҷавонзане ба бадани кӯдаки 4-сола 13 зарбаи корд зад

Рӯзи 5-уми июни соли равон шаҳрванд Марҷонаи Файзалии 23-сола, сокини шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди маҳаллаи 1-и шаҳри мазкур шоҳиди он мегардад, ки дар вақти бозии кӯдакон писари ноболиғашро хурдсоли дигари ҳамин маҳалла Амирҷони Назирови 4-сола мезанад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, Марҷонаи Файзалӣ аз ин кирдори ноболиғ Назиров Амирҷон ба каҳру ғазаб омада, […]

ASIA-Plus



Рӯзи 5-уми июни соли равон шаҳрванд Марҷонаи Файзалии 23-сола, сокини шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди маҳаллаи 1-и шаҳри мазкур шоҳиди он мегардад, ки дар вақти бозии кӯдакон писари ноболиғашро хурдсоли дигари ҳамин маҳалла Амирҷони Назирови 4-сола мезанад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, Марҷонаи Файзалӣ аз ин кирдори ноболиғ Назиров Амирҷон ба каҳру ғазаб омада, бо худ корд гирифта, ноболиғи 4-соларо ба тарафи камодам, байни буттаҳои марминҷон бурда, бо корди дар дасташ буда 13 маротиба ба узвҳои бадани (қисмҳои шикам, гурда ва тахтапушт) ин хурдсол зада, ҷароҳатҳои халандаву бурранда мерасонад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ноболиғ аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҳолати вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст. Айни замон шаҳрванд Марҷонаи Файзалӣ ҳамчун гумонбар дар расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст. Тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.