Бо убури ғайриқонунии марз сокини Суғд ба толибон пайвастанӣ буд

Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон пеши роҳи кӯшиши ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Тоҷикистон гирифта шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Мастчоҳ Садам Қудусови 22-сола ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ дастгир карда шуд. «Муайян карда шуд, ки дастгиршуда бо мақсади ҷиҳод […]

ASIA-Plus



Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон пеши роҳи кӯшиши ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Тоҷикистон гирифта шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Мастчоҳ Садам Қудусови 22-сола ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ дастгир карда шуд.

«Муайян карда шуд, ки дастгиршуда бо мақсади ҷиҳод намудан барои шомил шудан ба ҳайати гурӯҳҳои “Толибон” ба ноҳияи Панҷ омада, мехост аз ҳудуди ноҳияи мазкур ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намуда, ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гузарад», – гуфта мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.