Ҳамхизмати Шаҳбол Мирзоев далели лату кӯби ӯро тасдиқ кард

Ярлин Ҷавлон, ҳамхизмати Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 9-уми июн зимни баёнот додан дар суд ба сифати шоҳид далели лату кӯби сарбоз аз ҷониби фелдшер Усмон Ғайратовро тасдиқ кард. «Рӯзи ҳодиса, 6-уми март ман дар бунгоҳи тиббӣ бистарӣ будам. Тақрибан соати 19-20 фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов аз тиреза Шаҳбол Мирзоевро дид, ки аз […]

Мавзуна Абдуллоева



Ярлин Ҷавлон, ҳамхизмати Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 9-уми июн зимни баёнот додан дар суд ба сифати шоҳид далели лату кӯби сарбоз аз ҷониби фелдшер Усмон Ғайратовро тасдиқ кард.

«Рӯзи ҳодиса, 6-уми март ман дар бунгоҳи тиббӣ бистарӣ будам. Тақрибан соати 19-20 фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов аз тиреза Шаҳбол Мирзоевро дид, ки аз назди ҳавлии бунгоҳи тиббӣ мегузашт. Ғайратов ӯро ба бино даъват намуда, ба гӯштигирӣ даъват кард, вале Шаҳбол пешниҳоди ӯро напазируфт. Сипас Ғайратов ӯро ба авввал ба рӯяш зада, баъд бо роҳӣ зӯроварӣ ба замин ғалтонд. Дар натиҷаи лату кӯб гардани Шаҳбол шикаст. Шаҳбол беҳуш буд, вале Ғайратов ба лату кӯби ӯ идома дода, ӯро ба хестан маҷбур мекард», – гуфт ҳамхизмати сарбоз.

Ба қавли ӯ, вақте Шаҳбол беҳуш будааст, сарбози дигар Қосим Бобоназаров об оварда, ба рӯи ӯ пошидааст. «Баъд фелдшери дигар Манучеҳр Файзуллоев омада, Шаҳбол Мирзоевро ба ҳуҷраи дигар бурд», – иброз дошт Ярлин Ҷавлон.

Шоҳиди дигар, яке аз фелдшерони қисми ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Фаррух Сафаралӣ изҳор намуд, ки ӯ чизеро надидааст, зеро пас аз хӯроки шом ба зарфшӯӣ машғул будааст, вале доду фарёдро шунида, ба бунгоҳи тиббӣ меояд, ки Шаҳбол аллакай дар рӯи замин хобидааст.

Дар ин рӯз фелдшери қисми низомии тиббии воқеъ дар қисми ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ Гулрафтор Ширинова навбатдор будааст, аммо соати 18 аз кор рафта, танҳо субҳи рӯзи дигар ба ҷойи кораш ҳозир шудааст. Ба ӯ оид ба иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш айбнома пешниҳод шудааст.

Дар ҷараёни мурофиа Ғайратов қисман ба гуноҳаш иқрор шуд. «Ман Шаҳболро лату кӯб накардаам, танҳо ӯро ба гӯштигирӣ даъыват намудам», – иброз дошт ӯ. Ғайратов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 373, қ. 2, б. «п» (Вайрон  кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни  ҳарбӣ  дар  ҳолати   набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) ва 127, қ. 1 (Дар хатар монондан)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.

Намояндаи ҷониби ҷабрдида Бунёд Ёрматов, яке аз наздикони Шаҳбол Мирзоев зикр кард, ки Шаҳбол бинобар сабаби вазъи солимиаш дар мурофиа иштирок карда наметавонад.

Ахири ҳафтаи гузашта иттилоъ дода будем, ки вазъи солимии сарбоз Шаҳбол Мирзоев, ки айни замон дар яке аз дармонгоҳҳои вилояти Суғд муолиҷа мегирад,

рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Пас аз итминон ҳосил кардани табибон оид ба мустақилона нафасгирии Шаҳбол, аз ӯ дастгоҳи ҳавософкунии сунъии шуш гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.