Иштироки Шералӣ Мирзо дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофаи СААД

Имрӯз дар шаҳри Маскав таҳти раёсати вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад. Тавре хабаргузории Авеста бо истинод ба котиби матбуотии СААД Владимир Зайнетдинов иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа дабири кулли СААД Николай Бордюжа низ ширкат варзида, дар бораи вазъ дар минтақаи таҳти масъулияти созмон […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар шаҳри Маскав таҳти раёсати вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) доир мегардад.

Тавре хабаргузории Авеста бо истинод ба котиби матбуотии СААД Владимир Зайнетдинов иттилоъ медиҳад, дар ҷаласа дабири кулли СААД Николай Бордюжа низ ширкат варзида, дар бораи вазъ дар минтақаи таҳти масъулияти созмон қарордошта ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкории низомӣ дар доираи созмон гузориш медиҳад.

Гуфта мешавад, вазирони мудофиаи кишварҳои узви СААД ҳуҷҷатҳои марбут ба Нақшаи машваратҳои намояндагони кишварҳои узви созмон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2014 – нимаи аввали соли 2015, Нақшаи роҳандозии фаврии амалиёти Нерӯҳои дастаҷамъонаи СААД ва ҳамчунин сохтори маъмулӣ ва ҳайати шахсии фармондеҳии ин нерӯҳоро баррасӣ мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин чорабинӣ вазирони мудофиаи Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагони Котибот ва Ситоди муттаҳидаи СААД ва Вазорати корҳои хориҷии Русия низ иштирок мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.