Семинар оид ба ташаккули ғояҳои тиҷоратӣ ва таҳияи нақшаи бизнес

Рӯзҳои10-11 июни соли 2014 дар истироҳатгоҳи «Ҷаҳонгир» (Варзоб) барои мушовирони барномаи соҳибкории навташкили Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад  (ИҶК – БМ) дар Тоҷикистон дар мавзўи «Ташаккули ғояҳои тиҷоратӣ ва таҳияи нақшаи бизнес» семинар баргузор мегардад. Тавре аз ИҶК – БМ дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз гузарондани семинари мазкур ба мушовирон омўзондани малакаҳои кор […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои10-11 июни соли 2014 дар истироҳатгоҳи «Ҷаҳонгир» (Варзоб) барои мушовирони барномаи соҳибкории навташкили Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад  (ИҶК – БМ) дар Тоҷикистон дар мавзўи «Ташаккули ғояҳои тиҷоратӣ ва таҳияи нақшаи бизнес» семинар баргузор мегардад.

Тавре аз ИҶК – БМ дар Тоҷикистон хабар доданд, мақсад аз гузарондани семинари мазкур ба мушовирон омўзондани малакаҳои кор бо соҳибкорони навкор, таҳияи нақшаҳои бизнес ва шинос намудани онҳо бо тарзу усулҳои кори барнома мебошад. Семинарро хонум Маржена Мазевска, президенти Ассотсиатсияи созмондиҳандагони марказҳои инноватсионии Полша мегузаронад. Дар семинар 12 нафар мушовирон – намояндагони ташкилотҳои ғайриҳукуматии маҳаллии ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Носири Хисрав, Қабодиён, Шаҳритус, Ҷиликўл ва Панҷ, инчунин 3 нафар намояндаи фондҳои қарздиҳии хурд иштирок мекунанд.    

Мушовирони бизнес дар маҳалҳо ба соҳибкорони навкор дар таҳияи нақшаҳои бизнес ва кушодани бизнеси худ ёрӣ хоҳанд расонд. Беҳтарин нақшаҳои бизнес барои гирифтани қарзи имтиёзнок ба ташкилотҳои қарздиҳии хурд пешниҳод карда мешаванд.


Маълумот:

Дар чаҳорчўбаи барномаи соҳибкории навташкили ИҶК – БМ дар Тоҷикистон лоиҳаи «Мусоидат ба рушди соҳибкории навташкил» амалӣ карда мешавад, ки он ба дастгирии соҳибкорони навкор аз байни ҷавонон, занҳо ва муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта равона гардидааст. Самтҳои афзалиятноки лоиҳа рушди истеҳсолот ва хизматҳои истеҳсолию моддӣ ба шумор мераванд. Дар доираи ҳамкории дуҷонибаи байни ИҶК -БМ ва фондҳои қарздиҳии хурд бо 18 % солона қарзҳои имтиёзноки аз 3 то 6-моҳа дода мешаванд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.