Дипломати тоҷики дар Қундуз захмишуда ба Душанбе оварда шуд

Дипломати тоҷик Рустам Маҳмудӣ, ки нимаи моҳи май ба автомашинааш дар музофоти Қундузи Афғонистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта буд, ба шаҳри Душанбе оварда шуд. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон Рустам Маҳмудӣ дар Маркази миллии тиббӣ муолиҷа мегирад. Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 16-уми май ба автомашинаи консули Тоҷикистон дар музофоти […]

Меҳрангез Турсунзода



Дипломати тоҷик Рустам Маҳмудӣ, ки нимаи моҳи май ба автомашинааш дар музофоти Қундузи Афғонистон ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифта буд, ба шаҳри Душанбе оварда шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон Рустам Маҳмудӣ дар Маркази миллии тиббӣ муолиҷа мегирад.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 16-уми май ба автомашинаи консули Тоҷикистон дар музофоти Бадахшони Афғонистон Рустам Маҳмудӣ ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт. Ҳамлаи мусаллаҳона ба автомашинаи консул дар вилояти Қундуз анҷом пазируфта, дар натиҷа Рустам Маҳмудӣ аз дасти рост ва пояш захмӣ шуд. Дар шаҳри Қундуз ӯро табибони ҷопонӣ ду маротиба ҷарроҳӣ намуданд.

Ба тафтиши ин ҳодиса мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Афғонистон машғуланд. Алҳол дар ин бора маълумоти расмӣ дода нашудааст. То ҳанӯз ҳеҷ касе ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Кобул сафоратхонаи Тоҷикистон ва дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод консулгариҳои Тоҷикистон амал мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.