Имрӯз дар Пуғус ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ баргузор мешавад

Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар бӯстонсарои беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон Пуғус ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад. Дар ҷаласа лоиҳаи Баёнияи Душанбе мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт, ки дар он назари кишварҳо нисбат ба аҳамият ва мақоми СҲШ дар ҷаҳони имрӯза ва минтақаи Осиёи Марказӣ, мавқеи […]

Баҳром Маннонов


Душанбе. 25-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар бӯстонсарои беруназшаҳрии

ҳукумати

Тоҷикистон Пуғус ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мешавад.




Дар ҷаласа лоиҳаи Баёнияи Душанбе мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт, ки дар он назари кишварҳо нисбат ба аҳамият ва мақоми СҲШ дар ҷаҳони имрӯза ва минтақаи Осиёи Марказӣ, мавқеи ягона доштан дар посухҳои самаранок ба таҳдиду фишорҳо, ба роҳ гузоштани ҳамкории мутақобилаи кишварҳо баҳри таъмини амнияту субот дар минтақа ва рушди муносибатҳои тарафайни иқтисодӣ дарҷ хоҳанд ёфт.



Интизор меравад, ки масъалаҳои муҳими байнулмилаливу минтақавӣ ва вазъи Афғонистон низ муҳокима мегардад.



Вазирон лоиҳаи Эъломияи муштаракро баррасӣ намуда, дар ин санад аз фаъолияти созмон дар соли гузашта натиҷагирӣ мекунанд ва вазифаҳои минбаъдаи тавсиа ва таҳкими муносиботи ҳамкориро мушаххас месозанд.



Ҳамзамон муҳокимаи масоили афзоиши самаранокӣ ва такмили фаъолияти мақомоти доимии СҲШ низ дар назар аст.



Пас аз ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо нишасти матбуотӣ доир мешавад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.