Чорабинии Иттиҳоди Аврупо доир ба рушди ҳунарҳои мардумӣ

Cавдои боадолати Аврупо ҳамчун бозори алтернативӣ, саноати алмосӣ дар Антверпен (Белгия), сиёсати Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои фоидаи соҳибкории миёна ва хурд, стратегияи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои бештар бурдани ҳунармандии миллӣ дар бозорҳои хориҷӣ, намоишгоҳи хунармандии байналхалқӣ дар Флоренсия (Итолиё) – ин ва дигар мавзӯъҳо дар чорабинӣ, ки оиди мубодилаи афкор, дар Маркази Исмоилӣ, ш. Душанбе, […]

ASIA-Plus



Cавдои боадолати Аврупо ҳамчун бозори алтернативӣ, саноати алмосӣ дар Антверпен (Белгия), сиёсати Иттиҳоди Аврупо (ИА) барои фоидаи соҳибкории миёна ва хурд, стратегияи Ҷумҳурии Исломии Эрон барои бештар бурдани ҳунармандии миллӣ дар бозорҳои хориҷӣ, намоишгоҳи хунармандии байналхалқӣ дар Флоренсия (Итолиё) – ин ва дигар мавзӯъҳо дар чорабинӣ, ки оиди мубодилаи афкор, дар Маркази Исмоилӣ, ш. Душанбе, 18 июни соли 2014, рӯзи чоршанбе соати 10:00, баргузор мегардад. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 20 ҳунармандон, намояндагони идораҳои давлатӣ, соҳибкорон ва ташкилотҳои миёнаравии тиҷоратӣ иштирок мекунанд.

Тавре аз намояндагии ИА дар ҶТ хабар доданд, сафари шиносоӣ, ки дар қарибӣ баргузор гардида буд, ба Иттифоқи Хунармандони Тоҷикистон (ИХТ) ва Ассотсиатсияи миллии соҳибкории хурд ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМСХМ ҶТ), ки дар сафари 8 рӯза дар Нидерландия, Белгия ва Итолиё баргузор гардида буд, имконият барои баён ва муҳокима кардани ақидаҳо, алоқа ва таҷрибаи пешқадами медиҳад. Ин мубоҳисаи норасмӣ барои қолиби аниқ бо инобати модели аврупоӣ, ки метавонад дар Тоҷикистон бар бахши ҳунармандӣ ва соҳибкории хурд истифода бурда шавад, муайян карда мешавад.

Сафари шиносоӣ – мубодилаи назарҳои норасмӣ буда – қисми лоиҳаи 2-сола «Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат» буда, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар чорчӯбаи барномаи Central Asian Invest маблағгузорӣ карда шуда истодааст.

Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди Cesvi амалӣ ва ҳам маблағгузорӣ карда мешавад. Лоиҳа дар Тоҷикистон ва Қирғизистон барои устуворкунии ҳамкории байни ин ду давлати Осиёи Миёна ба хотири тараққии соҳаи соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ мусоидат мекунад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.