Оғози давраи омӯзишии иҷрои Созишномаи СТҶ доир ба мусоидат ба тиҷорат

Иҷрои Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба мусоидат ба тиҷорат – мавзӯъи давраи миллии омӯзишии дурӯзае мебошад, ки имрӯз, 17-уми июн, дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) хабар доданд, марказ дар ҳамкорӣ бо Конфронси Созмони милал барои тиҷорат ва рушд (ЮНКТАД) намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусиро, ки дар […]

ASIA-Plus



Иҷрои Созишномаи Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) доир ба мусоидат ба тиҷорат – мавзӯъи давраи миллии омӯзишии дурӯзае мебошад, ки имрӯз, 17-уми июн, дар шаҳри Душанбе оғоз шуд.

Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) хабар доданд, марказ дар ҳамкорӣ бо Конфронси Созмони милал барои тиҷорат ва рушд (ЮНКТАД) намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусиро, ки дар самти мусоидат ба тиҷорат фаъолият мебаранд, гирди ҳам оварданд, то бахшбандии уҳдадориҳои Тоҷикистон дар мавриди Созишномаи мусоидат ба тиҷоратро ҷиҳати огоҳ сохтани СТҶ муайян кунанд ва раванди тарҳрезии дархости ёрии фанниву молӣ барои иҷрои чораҳои бахши С-ро оғоз бахшанд.

Давраи омӯзишӣ аз ҷониби Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огаҳии ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон доир ба имкониятҳо ва чолишҳои узвияти кишвар дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ баргузор мегардад. Ин лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Доктор Муҳаммад Саид, мушовири аршади МТБ доир ба мусоидат ба тиҷорат, Созишномаи мазкурро, ки аз 37 чора иборат аст, чунин шарҳ медиҳад: “Созишномаи мусоидат ба тиҷорат аъзои СТҶ-ро муваззаф мекунад, то равандҳои гумрукиро беҳтар кунанд, шаффофият ва муассириятро боло бибаранд, ва ҳамчунин, ҳамкориро миёни ниҳодҳои фаъол дар марз ва бахши хусусӣ ба роҳ бимонанд. Кишварҳои рушдкарда ва дар ҳоли рушд, ки аъзои СТҶ мебошанд, бояд худ бо назардошти ҳолати инфиродии худ чораҳоро ба Бахши А (ки бояд сареъан пас аз қабул иҷро бишавад), Бахши B (метавонад дертар иҷро бишавад) ва C (иҷроишаш ба тавоноии кишвар ба воситаи ёриҳои беруна вобаста аст) тақсим кунанд ва барои иҷрои чораҳо худ муҳлат бигузоранд”.

Ширкатдорони давраи омӯзишӣ бо такя ба дониши худ аз қонунгузориҳо ва сатҳи феълии иҷроиши чораҳо, тавсия медиҳанд, ки чораҳои Созишномаи мусоидат ба тиҷорат ба кадом бахшҳо ворид карда шавад. Ишитирокдорон, ҳамчунин, муайян мекунанд, ки барои иҷрои талаботи Созишнома, Тоҷикистон бояд чӣ кор кунад, чи муҳлате, чӣ манбаъҳое ва чӣ ниёзе ба ёрии беруна лозим аст. Нигоҳи намояндагони бахши хусусӣ низ ба эътибор гирифта мешавад, то эхтиҷоти соҳибкорон низ аз мадди назар дур наафтад.

Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) ниҳоди байнулмилалиест, ки дар соли 1995 бо ҳадафи танзими тиҷорат миёни аъзояш таъсис ёфтааст. Фаъолияти СТҶ, асосан, ба бунёди фазои боз, озод ва одилонаи тиҷоратӣ равона шудааст, фазое, ки ҳама аъзо дастрасии баробар ба манфиатҳоро доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми марти соли 2013 ба ҳайси узви 159-уми ин созмон пазируфта шуд.

Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Монеи издивоҷ бо дӯстдухтар шуданд. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.