А.Иброҳим: дипломатияи энергетикӣ ба созиш миёни кишварҳои ОМ имкон медиҳад

– Президент ва ҳукумати Тоҷикистон чандин маротиба ҷонибдориашон ба ҳамкории энергетикӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳонро изҳор дошта, амалан онро тасдиқ мекунанд, – изҳор дошт дар конфронси минтақавӣ оид ба табодули таҷриба дар бахши ҳамкории энергетикӣ  муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим. «Мо умедворем, ки оғози табодули назари кушод оид ба ин масъала ба тадриҷан наздикшавии […]

Заррина Эргашева



– Президент ва ҳукумати Тоҷикистон чандин маротиба ҷонибдориашон ба ҳамкории энергетикӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳонро изҳор дошта, амалан онро тасдиқ мекунанд, – изҳор дошт дар конфронси минтақавӣ оид ба табодули таҷриба дар бахши ҳамкории энергетикӣ  муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим.

«Мо умедворем, ки оғози табодули назари кушод оид ба ин масъала ба тадриҷан наздикшавии мавқеъи ҳамаи ҷонибҳо доир ба вазъи воқеӣ дар ин бахш мусоидат намуда, ба дипломатияи энергетикӣ ҷиҳати дарёфти созиш миёни ҷонибҳои муколама имкон фароҳам меорад», – қайд кард ӯ.

Азим Иброҳим зикр кард, ки ҳукумати Тоҷикистон ташаббуси соли 2015 дар Тоҷикистон таъсис додани «Маркази дипломатияи энергетикӣ» таҳти сарпарасии ҳукумати ҶТ ва дастгирии Дафтари САҲА-ро дастгирӣ мекунад.

Зимни суханронӣ дар конфронс роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер таҳкими амнияти энергетикиро яке аз вазифаҳои асосӣ ва мушкилот дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон карда, зарурати ҳалли он дар солҳои наздикро таъкид намуд.

«Агар ба таърихи минтақаи Осиёи Марказӣ нигарем, шоҳиди он мешавем, ки низоми тақсимоти об ва энергия тамоман дар заминаи дигар бунёд шуда буданд. Вақте кишварҳои ОМ ҷудо гардида, давлатҳои алоҳида таъсис дода шуданд, ҳар кадоме ба тақсимоти обу энергия тибқи низоми худ оғоз кард, ки аз ин ҷо мушкилот пайдо шуд. Дар ин соҳа ҳамкорӣ зарур аст. Таври маълум, мушкилоти сиёсӣ ё таҳдиду чолишҳо аксаран ба ҳаллу фасли ин мушкилот монеъа эҷод мекунанд», – зикр кард ӯ.

Дар ҷараёни конфронс ба масоили марбут ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар бахши энергетика, истеҳсолот, қарордодҳо оид ба транзит ва ҳамчунин моделҳои муваффақ барои рушди ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла масъалаҳои сарчашмаҳои барқароршавандаи энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.