Бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ва татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон

– Алҳол Тоҷикистон ҳаҷми начандон зиёди нафту газ истихроҷ мекунад, вале дорои имконоти бузурги гидроэнергетикӣ аст, ки аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон мақоми 8-ум ва минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми аввалро ишғол мекунад, – изҳор дошт дар конфронси минтақавӣ оид ба табодули таҷриба дар бахши ҳамкории энергетикӣ муовини вазири энергетика ва захирахои оби Тоҷикистон Пӯлод […]

Заррина Эргашева



– Алҳол Тоҷикистон ҳаҷми начандон зиёди нафту газ истихроҷ мекунад, вале дорои имконоти бузурги гидроэнергетикӣ аст, ки аз рӯи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон мақоми 8-ум ва минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми аввалро ишғол мекунад, – изҳор дошт дар конфронси минтақавӣ оид ба табодули таҷриба дар бахши ҳамкории энергетикӣ муовини вазири энергетика ва захирахои оби Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов.

Ба қавли вай, ба воридоти нафту газ вобаста будани Тоҷикистон ба иқтисод ва амнияти энергетикии ҷумҳурӣ ва ҳамчунин вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар таъсири  манфӣ мегузорад.

«Ҳукумати Тоҷикистон рушди гидроэнергетикаро самти афзалиятнок дар энергетика мешуморад. Дар робита ба сатҳи пасти маҷрои об ба нерӯгоҳҳо дар мавсими тирамоҳу зимистон Тоҷикистон ба мушкилоти истеҳсоли барқ дучор мегардад ва дар мавсими тобистон бошад, ҳудуди 5-7 млрд. кВт/соат нерӯи барқи зиёдатӣ дорад. Чун бозори фурӯш мавҷуд нест, мо обро холӣ бидуни истеҳсоли барқ партоб мекунем», – гуфт ӯ.

Муовини вазир қайд кард, ки яке аз масъалаҳои муҳим барои Тоҷикистон ҳалли масъалаи афзоиши истеҳсоли барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон, коҳиши талафоти барқ то 13% ва афзудани иқтидорҳои истеҳсолкунанда то 6 ҳазор мегаватт аст. Ӯ гуфт, таҷдиди сохтори ширкати «Барқи тоҷик» низ ба беҳбуди назарраси фаъолияти тиҷоративу молиявии ширкат мусоидат мекунад.

«Аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ берун мондани Тоҷикистон ва қатъи интиқоли гази табиӣ ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъсири манфӣ расонид. Ҳукумат оид ба ҳархеласозии истеҳсоли барқ дар кишвар – ба истифодаи ангишт гузаронидани марказҳои барқу гармидиҳӣ ва бунёди нерӯгоҳҳои нав дар заминаи конҳои ангишт қарор қабул кард», – қайд кард вай.

Зимни суханронӣ ӯ зикр кард, ки анҷоми сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва ҳарчи зудтар амалисозии лоиҳаи CASA-1000 аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд. «Амалисозии ин лоиҳаҳо имкон медиҳанд, ки натанҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои бисёри минтақа низ мушкилоти таъминоти устувор бо нерӯи барқро ҳал кунанд», – иброз дошт муовини вазир.

Муҳиддинов пешниҳод намуд, ки барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо кӯшишҳои кишварҳои минтақа муттаҳид ва мушкилот муштаракан ҳал карда шавад. «Таъсиси Маркази дипломатияи энергетикӣ дар Тоҷикистон дар соли 2015  майдони нави табодули афкор хоҳад буд», – афзуд номбурда.

Созмондиҳандагони конфронси минтақавӣ оид ба табодули таҷрибаи пешқадам дар бахши ҳамкории энергетикӣ Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Дафтари Ҳамоҳангсози фаъолияти иқтисодӣ ва экологии САҲА ва Ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҷараёни конфронс ба масоили марбут ба беҳбуди муҳити сармоягузорӣ дар бахши энергетика, истеҳсолот, қарордодҳо оид ба транзит ва ҳамчунин моделҳои муваффақ барои рушди ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи энергетика, аз ҷумла масъалаҳои сарчашмаҳои барқароршавандаи энергетика таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.