Ҷаласаи мансабдорони аршади идораҳои зиддимухаддиротии СҲШ дар АНМН

Санаи 17 июни соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи ашхоси мансабдорони аршади идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайбаргузор гардид.  Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд. Намояндагони […]

ASIA-Plus



Санаи 17 июни соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ҷаласаи ашхоси мансабдорони аршади идораҳои зиддимухаддиротии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайбаргузор гардид. 

Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин Котиботи Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.

Намояндагони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай масъалаҳои барбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро муҳокима намуданд. 

Хотиррасон менамояем, ки 19 июни соли ҷорӣ дар пойтахти Тоҷикистон Машварати Панҷуми роҳбарони мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки салоҳияти бурдани мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар доранд, баргузор мегардад.

Дар рафти ҷаласа Тарафҳо масъалаҳои ҳамкории кишварҳои узви СҲШ, ки вазъият ва дурнамои рушди ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи муқобилият бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар бар мегирад, мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.