Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии ҳамасолаи коршиносони пулис дар Вена

Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии ҳамасолаи коршиносони пулис, ки чанде қабл дар шаҳри Вена ба кор оғоз намуд, ширкат меварзад. Чорабинӣ аз ҷониби Раёсати Швейтсария ва Котиботи САҲА созмон дода мешавад. Машварати ҳамасолаи коршиносони пулис дар соли 2014 ба масъалаҳои роҳандозии ҳамкории бевоситаи фаромарзӣ миёни ниҳодҳои интизомӣ ва мақомоти судӣ дар кишварҳои узви САҲА бахшида шудааст. […]

ASIA-Plus



Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии ҳамасолаи коршиносони пулис, ки чанде қабл дар шаҳри Вена ба кор оғоз намуд, ширкат меварзад. Чорабинӣ аз ҷониби Раёсати Швейтсария ва Котиботи САҲА созмон дода мешавад.

Машварати ҳамасолаи коршиносони пулис дар соли 2014 ба масъалаҳои роҳандозии ҳамкории бевоситаи фаромарзӣ миёни ниҳодҳои интизомӣ ва мақомоти судӣ дар кишварҳои узви САҲА бахшида шудааст.

Дар сатҳҳои дуҷонибаву бисёрҷониба ва минтақавӣ намояндагони мақомоти дахлдори кишварҳои узви созмон (мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, прокуратура ва суд) дурнамо, технологияҳои пешрафта ва мушкилот дар ин самти ҳамкориро муфассал баррасӣ мекунанд. Дар вохӯрӣ намояндагони 37 кишвару созмонҳои байнулмилалӣ ҳузур доранд.

Ғайр аз ин, коршиносони сохторҳои иҷроияи дахлдори адолати судии ҷиноятии САҲА ва дигар созмонҳои байнулмилалии минтақавӣ аз таҷрибаи пешқадам дар ташкили чунин ҳамкории фарромарзӣ табодули назар хоҳанд кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.