Ошкор шудани ҷинояти қатли як сокини пойтахт

Аввали ҳафтаи равон дар байни биноҳо дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт дар вақти азназаргузаронии автомашинаи “Хундай-Туксон” дар дохили он ҷасади шаҳрванд Хурсандмурод Шоҳраҷабови 24-сола, сокини ш.Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, номбурда санаи 14-уми июн аз хонаашон баромада бедарак ғайб зада буд. Баъди азназаргузаронии ҷойи ҳодиса […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафтаи равон дар байни биноҳо дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт дар вақти азназаргузаронии автомашинаи “Хундай-Туксон” дар дохили он ҷасади шаҳрванд Хурсандмурод Шоҳраҷабови 24-сола, сокини ш.Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, номбурда санаи 14-уми июн аз хонаашон баромада бедарак ғайб зада буд. Баъди азназаргузаронии ҷойи ҳодиса ва бурдани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи дигар кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ҷинояти куштор ду нафар сокини ноҳияи Варзоб: Сайриддин Исматови 24-сола ваа Наҷмиддин Исматови 37-соларо, ки пеш суд шудааст, дастгир намуданд.

Муайян карда шудааст, ки дастгиршудагон рӯзи 16-уми июн дар ҳавлии истиқоматиашон бо истифода аз таппончаи “Макаров” шаҳрванд Шоҳраҷабов Хурсандмуродро ба қатл расонида, сипас ҷасади ӯро ба автомашина бор мекунанд ва ба кӯчаи А.Навоии пойтахт оварда, кӯшиш мекунанд, ки автомшаинаро оташ зананд. Бо ин мақсад зарфи пластикии 1,5 литраро оташгиритфтаро ба дохили автомашина партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.