Театри «Аҳорун» ба бинои театри ба номи Горкий кӯчонида шуд

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, вале бо сифати дигар. Акнун ин бинои театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун аст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон […]

ASIA-Plus



Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои собиқ кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе пас аз навсозии куллӣ дубора мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, вале бо сифати дигар. Акнун ин бинои театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон лентаи рамзиро бурида, ба оғози фаъолияти дубораи ин бино бо сифати нав оғози расмӣ бахшид.

Қобили зикр аст, ки бинои кинотеатри ба номи Горкийи шаҳри Душанбе солҳои зиёд бекор хобида, ба ҳолати ногувор омада буд. Умри дубора пайдо намудан ва ба театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов ё худ театри Аҳорун туҳфа шудани он боиси шоди нишот ва сипосу қадрдонии аҳли эҷоди ин коллективи овозадор гардид.

Сарвари давлат намояндагони сершумори аҳли фарҳанг ва зиёиёни кишварро, ки ба ин муносибат дар ин ҷо ҷамъ омада буданд, бо ин рӯйдоди фараҳбахш ва ҳам бо арафаи ҷашни Ваҳдати миллии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори умеду боварӣ намуд, ки саҳми эҷодкорони театри Аҳорун минбаъд дар тарбияи завқу салиқаи баланди мардуми фарҳангдӯсти мо бештару беҳтар мегардад.

Гуфта мешавад, санъаткорони театри Аҳорун порчаеро аз намоиши “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” пешкаш намуда, ба аҳли толор ғизои маънавӣ бахшиданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки аксари кулли коллективи 80-нафараи ин театрро ҷавонон ташкил медиҳанд, басо хушҳол гардида, изҳори боварӣ намуд, дастовардҳои аҳли ҳунару фарҳанги тоҷик бо таълиму тарбияи насли нави ояндасоз аз гузаштаю имрӯза дида намоёнтар мешавад. Сарвари давлат ҳамчунин таъкид дошт, ки барои боз ҳам ободу зебо ва ба тамоми талаботи театрӣ мутобиқ намудани ин бино ба роҳбарияти он кумак мерасонад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.