Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Испания

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабул намудани савганд ва оғози фаъолият дар мақоми Подшоҳи Шоҳигарии Испания ба Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи табрикӣ ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳо итминони комил дорад ва омода […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабул намудани савганд ва оғози фаъолият дар мақоми Подшоҳи Шоҳигарии Испания ба Шоҳи Испания Филиппи VI барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки Тоҷикистон ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳо итминони комил дорад ва омода аст, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона саъйю талош варзад.

«Бо истифода аз ин фурсати муносиб ба Шумо, Аълоҳазрат, саодату саломатӣ ва пирӯзиҳои навин дар ин маснади олии пурмасъулият, ба кишвари дӯсти Испания хушрӯзӣ ва шукуфоиро орзу дорам», – омадааст дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.