Иштироки президент дар ифтитоҳи боғчаи кӯдакон дар пойтахт

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт ҳамчунин як боғчаи кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки басо зебо сохта шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар назди даромадгоҳи боғчаи нави кӯдакони рақами 63 ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию созандагӣ […]

ASIA-Plus



Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт ҳамчунин як боғчаи кӯдакон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки басо зебо сохта шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро дар назди даромадгоҳи боғчаи нави кӯдакони рақами 63 ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо шукргузорӣ аз сиёсати ваҳдатофарӣ ва бунёдкорию созандагӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Қобили зикр аст, ки ин бино бо харҷи 5,2 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби ҶДММ Стройэлита бунёд ёфта, барои 130 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Бино аз ду ошёна ва утоқу толорҳои гуногуни бо олоту ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз иборат буда, дорои шароити хуби таълиму тарбияи кӯдакон аст.

Дар атрофи бино мавзеъҳои зиёди бозию дилхушӣ ва машғулиятгоҳҳои махсус омода шудаанд, ки боиси афзун намудани завқи кӯдакон ва қобилияти фикрронияшон мегардад. Тавре аён гардид, насли навраси имрӯза, ки дар фазои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз парвариш меёбанд, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ доранд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи маорифи кишвар дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои лоиҳакашӣ лоиҳаҳои намунавии боғчасозиро таҳия намоянд, то ки минбаъд муассисаҳои томактабӣ бо сифати баланд ва тақозои давру замон мутобиқ сохта шаванд ва таъкид дошт, ки талабот ба чунин муассисаҳо хеле зиёд аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.