Зиёновар дониста шудани беш аз 50 корхона дар Тоҷикистон



Натиҷаҳои молиявии корхона ва ташкилотҳои ҳисоботдиҳанда (бидуни назардошти корхонаҳои бахши кишоварзӣ ва тиҷорати хурд) дар семоҳаи аввали соли 2014 манфӣ ҷамъбаст гардида, маблағи зарарҳои тавозунӣ 109,7 млн. сомонӣ дар муқобили даромади тавозунии ҳамин давраи соли гузашта дар ҳаҷми 109,4 млн. сомониро ташкил доданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳиссаи корхонаҳои даромадовар дар семоҳаи аввали соли равон 45,6% (46,2% дар соли 2013) аз шумори умумии корхонаҳои ҳисоботдиҳандаи тобеъи сохторҳои ҳукуматиро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, маблағи фоидаи гирифтаи онҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 178,6 млн. сомонӣ ё худ 36,8% кам шудааст.

Вазни қиёсии корхонаҳои зиёновар аз шумори умумии корхонаҳои ҳисоботдиҳанда дар семоҳаи аввал 34,4%-ро ташкил додааст, аз ҷумла корхонаҳои саноати коркард – 43%, сохтмон – 32,8%, нақлиёт, хоҷагии анбор ва алоқа – 23,9%.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти пешакии Агентии омор, ба санаи 1-уми апрели соли 2014 қарзи умумии корхонаҳои ҳисотдиҳанда аз рӯи уҳдадориҳо ба 17 млрд. 110,5 млн. сомонӣ расидааст, ки дар муқоиса бо санаи 1-уми апрели оли 2013 ба миқдори 5 млрд. 0,65 млн. сомонӣ зиёдтар аст.

Қарзи дебитории корхонаву ташклотҳо ба санаи 1-уми апрел 6 млрд. 728,9 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 324 млн. сомонӣ бештар аст.

spot_imgspot_img

Популярное