Ҷавонони Хуҷанду сохтмончиёни Чин дастбагиребон шуданд

Хуҷанд. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соатҳои даҳи шоми гузашта дар микрорайони 18-уми шаҳри Хуҷанд миёни ҷавонони маҳаллӣ ва сохтмончиёни Чин, ки дар бунёди роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» фаъолият доранд, задухӯрд ба вуқӯъ пайваст. Манбаи мӯътамад аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар дод, ки сохтмончиёни Чин ба қаҳвахона омада, дар он ҷо бо ҷавонон ҷанҷол […]

Бахтиёр Валиев



Хуҷанд. 23-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Соатҳои даҳи шоми гузашта дар микрорайони 18-уми шаҳри Хуҷанд миёни ҷавонони маҳаллӣ ва сохтмончиёни Чин, ки дар бунёди роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» фаъолият доранд, задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.






Манбаи мӯътамад аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар дод, ки сохтмончиёни Чин ба қаҳвахона омада, дар он ҷо бо ҷавонон ҷанҷол мебардоранд. Дар бораи осебдидагону саркардагони задухӯрд маълумоте нест. Танҳо маълум аст, ки аз ҳар ду ҷониб нафарони дар ин ҳодиса дастдошта боздошт шудаанд.






               

Шоҳидони ҳодиса баён доштанд, ки задухӯрд дар қаҳвахонаи «Баҳор»-и назди мағозаи маъруфи «Оазис» руй додааст. Сохтмончиёни Чин бо аҳолии маҳаллӣ гапашон напухта, ҷанҷол мекунанд ва пас аз чанде гурӯҳи коргарони Чин омада, бо арматура шишаҳои мағозаҳо ва мошинҳоро ба шикастан оғоз менамоянд. Мағозаи «Оазис», қаҳвахона ва як мағозаи дигар осеб дидаанд.






               

Баъди чанд муддате милисаҳо ва гурӯҳи фаврии зудамал он ҷо ҳозир шуда, нафаронеро, ки дар ин задухӯрд даст доштанд, боздошт мекунанд.






               

Аз беморхонаи рақами 1-и шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ки шаби гузашта касе бо ҷароҳати ҷисмонӣ ба касалхона оварда нашудааст ва онҳо аз ин ҳодисаву осебдидагон маълумот надоранд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.