Боздошти аъзои ҳаракати «Толибон» дар вилояти Хатлон

Чанде қабл дар қаламрави вилояти Хатлон аъзои ҳаракати «Толибон», ки дар шаш амалиёти низомӣ дар Афғонистон иштирок кардаанд, боздошт шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ шаҳрвандагон: Тошпулотов Умаралӣ Қиёмович  соли таваллудаш 1985, […]

ASIA-Plus



Чанде қабл дар қаламрави вилояти Хатлон аъзои ҳаракати «Толибон», ки дар шаш амалиёти низомӣ дар Афғонистон иштирок кардаанд, боздошт шуданд. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ шаҳрвандагон: Тошпулотов Умаралӣ Қиёмович  соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳритус ва Кулбашев Комилҷон Абдумӯъминович соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Қубодиён, дастгир карда шуданд.

Онҳо соли 2014-ум дар ҳудуди вилояти Вазиристони Шимолии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар таълимгоҳи махсуси динӣ аз шахсони ба тафтишот номаълум таълими динӣ ва малакаи экстремистӣ гирифта, баъдан дар шаҳри Ливараи Ҷумҳурии Исломии Покистон аз шахсони ба тафтишот номаълум бо номҳои “Мустафо” ва “Ҳамидулло” даъвати ҷиҳодро ҳамчун фарз қабул намуда, қасам (байят) ёд намуда, ба аъзогии “Ҳаракати Толибон” шомил шудаанд.

Инчунин, номбурдагон охирҳои моҳи майи соли 2014-ум аз марзи Ҷумҳурии Исломии Покистон бо мақсади дар амалиётҳои ҷангӣ дар якҷоягӣ бо аъзоёни “Ҳаракати Толибон” ба муқобили қушунҳои ҳарбии ИМА, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалиётҳои зидди террористӣ мегузаронанд ба марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ворид гардидаанд.

Тошпулотов У. дар давоми солҳои 2010-2014,  ҷамъ шаш маротиба дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар якҷоягӣ бо дигар аъзоёни “Ҳаракати Толибон” дар амалиётҳои ҷангӣ бар зидди қушунҳои ҳарбии ИМА иштирок намудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода, дар маҷмӯъ беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар амалиётҳои ҷангӣ дар кишварҳои гуногуни хориҷӣ иштирок мекунанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.