Иштироки Э.Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Малайзия

Нимаи дуюми рӯзи 24-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамотиматбуоти сарвари давлат, дар анҷумани соҳибкону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия наздики 300 нафар аз ду ҷониб иштироки фаъол доштанд. Анҷуманро Вазири тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия доктор Мустафо Муҳаммад ифтитоҳ намуда, суханро ба […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 24-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷумани соҳибкорони бонуфузи Тоҷикистону Малайзия иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамотиматбуоти сарвари давлат, дар анҷумани соҳибкону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия наздики 300 нафар аз ду ҷониб иштироки фаъол доштанд.

Анҷуманро Вазири тиҷорати байналмилалӣ ва саноати Малайзия доктор Мустафо Муҳаммад ифтитоҳ намуда, суханро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.

Президенти кишвар шахсан ва бевосита имконоти васеи ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. Тавре зикр гардид, танҳо аз ҷониби сохторҳои давлатии Тоҷикистон беш аз 400 лоиҳаи сармоягузорӣ омода ва пешкаш гардидааст, ки хеле судоваранд. Лоиҳаҳои зиёди дигар ҳамчунин аз ҷониби сохторҳои сершумори соҳибкорию тиҷоратии хусусӣ таҳия шуда, интизори сармоягузорӣ ва татбиқи босамар мебошанд. Фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар Тоҷикистон сол ба сол беҳтару ҷолибтар мешавад.

Зимни анҷуман ҳамчунин соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Малайзия мулоқоту гуфтушунидҳои зиёди рӯ ба рӯ  анҷом дода, робитаҳои мустақим барпо намуданд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.