Эмомалӣ Раҳмон ба унвони профессори фахрии донишгоҳи Лимкоквинг қадрдонӣ шуд

Дар шаҳри Сайберҷаяи Малайзия Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд, мулоқот доир намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар даромадгоҳи донишгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Тавре иттилоъ доданд, […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Сайберҷаяи Малайзия Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Малайзия таҳсили илм мекунанд, мулоқот доир намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар даромадгоҳи донишгоҳ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳу самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Тавре иттилоъ доданд, дар ин ва дигар донишгоҳҳои Малайзия ба хотири сифати олии таълиму тарбия аз зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон ҷавонон таҳсил мекунанд. Сарварони як қатор кишварҳо ва шахсиятҳои сершумори маъруфи ҷаҳон аз Донишгоҳи Лимкоквинг дидан карда, бо устодону донишҷӯёнаш мулоқот намудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо Роҳбари Донишгоҳи Лимкоквинг  Тансри Доктор Лим Кок Винг мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доир ба ҳамкории кунунӣ ва ояндаи Тоҷикистон бо ин донишгоҳ суҳбати ҷолиб сурат гирифт. Тавре зикр гардид, ин донишгоҳ  8 ҳазор донишҷӯй дорад ва 80% он аз кишварҳои хориҷӣ аст. Аз Тоҷикистон бошад, танҳо дар ҳамин донишгоҳи Малайзия наздики 40 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунанд. Дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар беш аз 200 нафар тоҷикон илм меомӯзанд.

Пас аз анҷоми мулоқот доир ба густариши ҳамкории минбаъда миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Донишгоҳи Лимкоквинг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки тибқи он оянда филиали ин донишгоҳ дар Тоҷикистон бунёд хоҳад ёфт.

Дар оғози мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологияҳои нави Лимкоквинг ва донишҷӯёни тоҷик Роҳбари донишгоҳ суханронӣ намуда, ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил, таҳким ва густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Малайзия, тарғиби фарҳанги сулҳу амонӣ, гуфтугӯйи тамаддунҳо ва дипломатияи обӣ дар арсаи ҷаҳон баҳои баланд дод.

Сипас қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи Лимкоквинг доир ба сарфароз намудани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии ин донишгоҳ қироат карда шуд, ки бо кафкӯбиҳои пурмавҷ, хусусан аз ҷониби донишҷӯёни сершумори тоҷик, истиқбол гирифта шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ ба роҳбарияти Донишгоҳи Лимкоквинги Малайзия барои чунин қадрдонии баланд арзи сипос карда, ин амалро қадршиносии ҷомеаи ин кишвар  аз мардуми шарифи Тоҷикистон номид.

Бо истифода аз фурсати ғанимат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон донишҷӯёни тоҷикро ба омӯзиши амиқу васеи илму техникаи муосир ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки “аз имконоти фарохи илмомӯзӣ дар ин донишгоҳи дорои нуфузи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба истифода баред, фурсати ғанимати донишандӯзиро аз даст надиҳед”.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.