Ҳодисаи навбатии кордзанӣ дар Душанбе



Ба гумони даст доштан дар расонидани зарар бо мақсади авбошӣ сокини 20-солаи пойтахт боздошт шуд. Иштирокчиёни боқимондаи ҳамлаи дастаҷамъонаи кордзанӣ мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сокини 27-солаи шаҳри Душанбе Бахтиёр Абдуллоев муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки чанд рӯз қабл дар кӯчаи Назарӣ афроди номаълум бидуни сабабе ба ӯ ҳамла карда, бо се зарбаи корд ӯро аз сар, тахтапушт ва қисмати чапи танаш захмӣ кардаанд.

«Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят Кароматулло Азизови 21-сола боздошт шуд», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, айни замон ҷиҳати дарёфт ва дастгир кардани Раҳимов Наҷибуллои 19-сола ва Раҳимов Умари 23-сола, ки дар ин ҷиноят даст доранд, тадбирҳо андешида мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное