Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзноманигорони хориҷӣ сӯҳбат орост

Душанбе. 23-уми июл. ОИ 2Азия-плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ хабарнигорони Ҷумҳурии Мардумии Чин сӯҳбат орост. Онҳо воситаҳои бонуфузи ахбори умуми кишвари Чин, аз ҷумла радиои байналмилалии он, Агентии иттилоотии «Синхуа», рӯзномаҳои «Женмин жибао», «Гуанмин» ва «Венхуэй»-ро намояндагӣ мекунанд. Гуфтугӯйи Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ асосан атрофи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии […]

root



Душанбе. 23-уми июл. ОИ 2Азия-плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ хабарнигорони Ҷумҳурии Мардумии Чин сӯҳбат орост.






Онҳо воситаҳои бонуфузи ахбори умуми кишвари Чин, аз ҷумла радиои байналмилалии он, Агентии иттилоотии «Синхуа», рӯзномаҳои «Женмин жибао», «Гуанмин» ва «Венхуэй»-ро намояндагӣ мекунанд.





Гуфтугӯйи Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ асосан атрофи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, мавзӯъҳои дар он баррасишаванда, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон ва муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар

 

сурат гирифт.





«Тоҷикистон ба дурнамои васеи Созмони ҳамкории Шанхай эътимоди комил дорад ва ин боварӣ бар натиҷаҳои мушаххаси муштарак, ки дар муддати кӯтоҳ ба даст омадаанд, асос ёфтааст», – изҳор дошт президенти Тоҷикистон.





Президенти мамлакат муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чинро аз афзалиятҳои стратегии сиёсати хориҷии Тоҷикистон номида, таъкид дошт, ки дар рӯзҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон

 

бояд як қатор санадҳои муҳими ҳамкорӣ ба имзо расанд ва афзуд, ки онҳо самтҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок, аз ҷумла нафту газ ва ҳамчунин соҳаҳои алоқа, кишоварзӣ ва саноатро фаро хоҳанд гирифт. Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон ин санадҳо барои Тоҷикистон аҳамияти таъхирнопазир ва бағоят муҳим доранд.





Э.Раҳмон ҳамчунин бо хабарнигорони маҷаллаи байналмилалии «VIP-Premier» сӯҳбат орост.





Дар сӯҳбат бо хабарнигорони

 

«VIP-Premier» таваҷҷӯҳи асосӣ ба масоили рушди имрӯзаю ояндаи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, муносибатҳои он бо Федератсияи Россия ва масъалаҳои ҷаласаи навбатии созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир карда шуд.





Сарвари давлат Россияро шарики стратегии табиии Тоҷикистон арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ҳузури мутаносиби ин давлат дар иқтисодиёти чумхурии мо дар баробари ҳамгироии хуби ҳарбӣ-сиёсӣ муносибатҳои иттифоқчигии ду кишварро мукаммал намуда, мушкилоти камарзиши мавҷударо бартараф месозад.





Президенти мамлакат аз омодагии хуб ба ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

 

ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз дар шаҳри Душанбе соли 2000-ум он дар заминаи «Панҷгонаи Шанхай» таъсис ёфта буд ва изҳор дошт, ки саммити навбатӣ ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ низ такони ҷиддӣ мебахшад.





Ӯ таъкид намуд, ки асоси ҳамаи ҳамгироиҳоро дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай

 

амният ва иқтисодиёт ташкил медиҳанд. дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.