Маросими хатми 175 нафар шунавандагони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) маросими шашумини хатми солонаи худро рӯзи 28 июни соли 2014 дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор намуд. Тавре аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хабар доданд, зиёда аз 175 нафар  хатмкунандагони Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) ва Барномаи Инсоншиносии Оғохон (БИО)-и Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соҳиби шаҳодатномаҳои барномаҳои такмили тахассус ва маҳорати касбӣ […]

ASIA-Plus



Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) маросими шашумини хатми солонаи худро рӯзи 28 июни соли 2014 дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор намуд.

Тавре аз Донишгоҳи Осиёи Марказӣ хабар доданд, зиёда аз 175 нафар  хатмкунандагони Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор (ММКД) ва Барномаи Инсоншиносии Оғохон (БИО)-и Донишгоҳи Осиёи Марказӣ соҳиби шаҳодатномаҳои барномаҳои такмили тахассус ва маҳорати касбӣ гардиданд. 

Доктор Богдан Кравченко, директори генералии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ меҳмононро хайра мақдам гуфт ва оиди саҳми ин Донишгоҳ дар ташаккули маҳорат ва касбияти сатҳи ҷаҳонии донишомӯзон ҷавобгӯ ба ниёзҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон аз тариқи барномаҳои таҳсилотӣ дар шаҳри Душанбе ибрози назар намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки бархе аз барномаҳо  дар ҳамкорӣ бо шарикони ДОМ, ки бо ҳадафҳои мо мувофиқанд, тарҳрезӣ шудаанд.

Дар суханронии худ Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Такаши Камада ҳамкории самарабахши Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Маркази Қирғизистону Ҷопон оид ба рушди захоири инсониро дар ташкили Курси амалии идоракунии соҳибкорӣ аввалин бор дар Тоҷикистон қайд намуд.

Курси амалии идоракунии соҳибкорӣ аз модулҳои банақшагирии бизнес, бозаргонӣ, идоракунии молиявӣ, идоракунии захоири инсонӣ, технологияи информатсионӣ барои соҳибкорӣ, асосҳои муҳосибӣ ва идоракунии муҳосибӣ иборат аст. Ба чилу панҷ нафар шунавандагони курси амалии идоракунии соҳибкорӣ, ки роҳбарони ширкатҳои хусусӣ, соҳибкорон, кормандони соҳаи хизматрасонӣ, технологияи информатсионӣ мебошанд, шаҳодатномаҳои муваффақият ва иштирок дар барнома аз ҷониби директори  Маркази Қирғизистону Ҷопон оид ба рушди захоири инсонӣ ҷаноби Мунео Такасака шаҳодатномаҳо тақдим гардиданд.

“Курси амалии идоракунии соҳибкорӣ ба ман имкон дод, то донишҳои навро аз худ намоям ва роҳҳои дар корам  татбиқ намудани онҳоро андеша кунам. Ҳамчун роҳбар ман донишҳои андӯхтаамро байни ҳамкоронам паҳн менамоям. Модули банақшагирии соҳибкорӣ каме мушкил, вале дар айни замон дар такмили маҳорати соҳибкорӣ бароям муфид буд. Ба ман зиёдтар модули идоракунии захоири инсонӣ писанд омад чун он хеле хуб тадрис шуд ва нишон дод, ки чӣ тавр бояд ширкат фаъолияташро дар ин самт пеш барад”, – гуфт  хатмкунандаи курси мазкур Анжелика Нарзуллоева, сардори шӯъбаи кор бо муштариёни ширкати Телеком Технолоҷи. 

Панҷ нафар хатмкунандагони  Барномаи технологияи муҳосибӣ соҳиби шаҳодатномаи муҳосибӣ гардиданд. Ин барнома дар заминаи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи муҳосибӣ  тарҳрезӣ шуда, дар Осиёи Марказӣ беназир аст. 35 нафар хатмкунандагони барномаҳои забони англисӣ барои коргузории расмӣ ва забони англисӣ барои мақсадҳои академӣ шаҳодатномаи хатм гирифтанд. ММКД инчунин ба 13 нафар гурезагони афғон шаҳодатномаи хатми курси забони русӣ барои муоширатро супурд. Ин барнома бо мақсади такмили маҳорати муошират ва мутобиқгардониву дарёфти ҷойи кор гузаронида шуд ва аз ҷониби ташкилоти ёрии башардӯстонаи ФОКУС дастгирӣ гардид.   

Барномаҳои ММКД ҷавобгӯи талаботи донишомӯзони мухталиф дар Тоҷикистон мебошанд. Ҳамгироии вижагиҳои амалӣ ва стандартҳои ҷаҳонӣ чашмандози таҳсилоти давомдорро дар Осиёи Марказӣ дигаргун намуда истодааст.

Хатмкунандагони БИО таҳлили интиқодӣ, тафаккури ахлоқӣ, тарзи навишти илмӣ ва хониши интиқодиро аз худ намуданд.  Барномаи  муфассали БИО гуногунандешӣ, инкишофи ҳисси кунҷковӣ, фаҳмиши зебоӣ, ташаккули малакаҳои роҳбарии умумӣ ва мантиқи тафсирро фаро мегирад.   БИО маҳоратҳои лозимии хатмкунандагонро на танҳо барои ҷавобгӯ будан ба ниёзхои илмӣ ва корӣ, балки онҳоро мантикан тафсир намуда, дубора маънидод мекунад.

“Маориф маҳаки асосии рушд ва пойдории ҷомеаи шаҳрвандист ва ҳадафи ДОМ таълими  ин принсипҳо дар Осиёи Марказист. Макотибе чун ДОМ ва ҳамсоли он дар минтақа таҳсилоти баъди мактабиро на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ ташаккул мебахшанд,” – илова намуд доктор Ариф Качра, декани корҳои таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.