Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар конфронси байнулмилалӣ дар Брюссел

Аз 25 то 28 июни соли 2014 дар шаҳри Брюссел Конфронси байналмилалии сатҳи баланди «Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф» таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва ЮНИСЕФ барпо гардид, ки дар кори он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ҳамчун аъзои алтернативии Шӯрои директорон аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқии […]

ASIA-Plus



Аз 25 то 28 июни соли 2014 дар шаҳри Брюссел Конфронси байналмилалии сатҳи баланди «Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф» таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва ЮНИСЕФ барпо гардид, ки дар кори он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири маориф ва илми кишвар Нуриддин Саид ҳамчун аъзои алтернативии Шӯрои директорон аз минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқии Бунёди «Шарикии глобалии таҳсилот» ширкат варзид. Дар кори чорабинии мазкур ҳамзамон Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо Рустамҷон Солиев низ ҳузур дошт.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Тоҷикистон дар Брюссел, дар чаҳорчӯби Конфронс вазирон ва намояндагони баландпояи соҳаи маориф аз тақрибан 60 кишвари ҷаҳон ва 30 ширкату ташкилоти байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла намояндагони сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, Комиссияи Аврупо, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова иштирок доштанд. 

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Н.Саид зимни баромади худ дар Конфронс таъкид сохт, ки рушди соҳаи маориф асоси рушди кишварҳоро ташкил дода, ҷалби кӯдакон ба таҳсил ва муҳайё сохтани шароити мусоиди таълимӣ бозгӯйи рушди устувор ва сиёсати дурусти давлатҳо дар самти инкишофи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад. Роҷеъ ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои таҳти маблағгузории “Шарикии глобалии таҳсилот” амалишаванда, Вазир Н.Саид зикр намуд, ки таъсири амалишавии лоиҳаҳо дар баланд бардоштани иқтидори идоракунии соҳаи маориф, беҳтар шудани инфрасохтор, омӯзиши таҷрибаи пешрафта ва амалӣ намудани усулҳои инноватсионии таҳсилот хеле муҳим аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.