Ба Зайд Саидов айбномаҳои нав пешниҳод шуданд

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати собиқ вазири саноати ҷумҳурӣ, соҳибкор Зайд Саидов, ки ба 26 соли зиндон маҳкум гардида буд, айбномаҳои нав пешниҳод намуд. Сардори Раёсати пешгирии амалҳои коррупсионии Агентии зиддифасод Бахтиёр Юсуфов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соҳибкор акнун дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 245, […]

Аваз Юлдошев



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбати собиқ вазири саноати ҷумҳурӣ, соҳибкор Зайд Саидов, ки ба 26 соли зиндон маҳкум гардида буд, айбномаҳои нав пешниҳод намуд.

Сардори Раёсати пешгирии амалҳои коррупсионии Агентии зиддифасод Бахтиёр Юсуфов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соҳибкор акнун дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340, қ. 2 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)и КҶ ҶТ гумонбар дониста мешавад.

«Қонуншиканиҳо аз рӯи моддаҳои дар боло зикршударо Зайд Саидов зимни сохтмони иншооти «Душанбе-Плаза» содир намудааст», – гуфт манбаъ ва аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала худдорӣ варзид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.